Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ЧУЙКОВ Василий Иванович

ЧУЙКОВ Василий Иванович

chuykov-v-i

ЧУЙКОВ Василий Иванович (12. 2._ 1900—18. 3. 1982, Москва, дар Қӯрғони Мамай мадфун аст), лашкаркаши советӣ, Маршали Иттифоқи Советӣ (1955), ду карат Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (1944,1945). Аз оилаи деҳқон. Аъзои КПСС аз с. 1919. Аз апр. 1918 дар Армияи Сурх. Иштирокчии Ҷанги гражданӣ. Солхои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар фронтҳон Сталинград, Дон, Ҷанубу Ғарбӣ, 3-юми Украина ва 1-уми Белоруссия фармондеҳи Армияи 1-уми эҳтиётӣ (май — авг. 1942), Армияи 62-юм (сент. 1942-апр. 1943) ва Армияи 8-уми гвардиягӣ буд. Баъди ҷанг ҷонишин, ҷонишини якум (май 1945— марти 1949) ва сарфармондеҳи Гуруҳи қӯшунҳои советӣ дар Германия (марти 1949— май 1953). Аз май 1953 фармондеҳи қушунҳои Округи Ҳарбии Киев, аз апр. 1960 сарфармондеҳи Қушунҳои хушкигард ва ҷонишини вазири мудофиа, аз июли 1961 дар як вақт сардори Мудофиаи граждании СССР. Аз июни 1964 сардори Мудофиаи граждании СССР. Аз июли 1972 инспектори генералии гурӯҳи инспекторони генералии Вазорати мудофиаи СССР. Номзад ба аъзоии КМ КПСС. Депутати Советӣ Олии СССР (даъватҳои 2—10). Бо 8 ордени Ленин,. ордени Революцияи Октябрь, 4 ордени Байрақи Сурх, 3 ордени Суворов (дараҷаи 1), ордени Ситораи Сурх, медалҳои СССР ва бисёр ордену медалҳои давлатҳои хориҷа мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …