Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ЧӮЯНРЕЗӢ

ЧӮЯНРЕЗӢ

ЧӮЯНРЕЗӢ, чӯянгарӣ, як навъ касбу ҳунарро гӯянд. Чўянрезӣ дар байни халқҳои Осиёи Миёна аз ҷумла тоҷикон аз асрҳои миёна маълум аст. Дар сарчашмаҳои хаттии асрҳои 15— 16 ҳунарҳои «чӯянгарӣ» ва «дегрезӣ» номбар шудаанд. Маснуоти асосии чӯянӣ аввал дег буд, вале баъд ба рехтани позаҳои чӯянии омоч ва дигар асбобу анҷоми чӯянӣ пардохтанд. Позаҳои чӯянӣ тақр. 80—85%-и маҳсулоти чўяниро ташкил медоданд.

chuyanrezi

То ибт. а. 20 дегҳои калон (барои гармобаҳо), навъҳои гуногуни чароғу чароғпояҳо, манқалдонҳо, инчунип тӯпҳои чўянӣ истеҳсол карда мешуданд. Устохонаи Чўянӣ одатан аз як ҳавлии хурде иборат буд, ки кӯраи чӯянгудозӣ ва пешайвон дошт. Асоси кура суфа (баландиаш зиёда аз 1 м) буда, дар болои он оташдон сохта мешуд. Дар оташдон деги махсуси дарунаш бо гили бӯта (моддаи ба оташ тобовар) андовашударо мегузоштанд. Ба девори қафои кура дудкаши чўянӣ мешинонданд. Ба дудкаш дами ҳаводаввон пайваст карда, бодро ба рӯи чӯяни дар дег гудохташаванда равона мекарданд. Ба деги чӯянгудозӣ аввал ангиштсанги тафсон, баъд як қабат ангиштсанги хунук чида, ба болои он пораҳои маъдан ё чӯянро мегузоштанд. Ангишт сӯхта бо ёрии дами ҳаводиҳанда чӯянро мегудохт. Қолабҳои Чўянрезӣ дар саҳни пешайвони устохона асосан аз омехтаи гилу peг ва хокаи ангишт сохта мешуданд. Барои маснуоти дағал (поза) реги сиёҳ ва барои асбобҳои нафис реги сурхро истифода мебурданд. Чӯяни гудохтаро ба воситаи кафлез ба қолабҳо мерехтанд ва баъди хунук шудани маснуот онро аз қолабҳо гирифта дар чарх сайқал медоданд. Дар устохона одатан дар ҳар ду моҳ як маротиба чўян мегудохтанд. Дар вақти боқимонда устоҳо ба тайёр кардани қолабҳо машғул мешуданд. Ҳангоми гудозиш, устоҳо коргарони иловагӣ киро мекарданд ва шумораи иштирокчиёни Чўянрезӣ  то ба 30 наф. мерасид. Ибт. а. 20 устохонаҳои Чўянрезии Уротеппа, Хуҷанд, Бухоро нишонаҳои мануфактурӣ пайдо карданд. Меҳнат дар байни чўянгудозҳо, дамгарҳо ва чӯянпартоҳо тақсим карда мешуд.

Баъди Революцияи Октябрь Чўянрезӣ дар артелҳои ҳунармандон амалӣ гардид. Баробари тараққиёти саноати вазнин усули дастии Чўянрезӣ аз байн рафт. Ҳоло Чўянрезӣ дар корхонаҳои индустрияи вазнин, мошинсозӣ (дар РСС Тоҷикистон дар заводи ба ном и С. Орҷоникидзе, заводи «Тоҷиктекстильмаш» ва ғ.) тавассути таҷҳизоти навтарин ва аз рўи технологияи пешқадам ба роҳ монда шудааст. Ниг. низ Чўян. Н. Турсунов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …