Маълумоти охирин
Главная / Илм / ЧӮЯН

ЧӮЯН

ЧЎЯН, хӯлаи омехтаи оҳану карбонро гӯянд, ки дар таркибаш манган (то 1,5%), силиций (то 4,5%), сулфур (то 0,08%), фосфор (то 1,8%) ва диг. элементҳои химиявӣ дорад, Чўян маҳсулоти асосии металлургияи сиёҳ мебошад. Хосияти хуби рехтагарӣ ва мустаҳкамии Чўян ба истифодаи васеи он дар мошинсозӣ мусоидат мекунад. Ҳоло қариб 70%-и қисмҳои мошинҳо (аз массаи умумии Чўяни рехташуда)-ро аз Чўян тайёр мекунанд.

chugun

Чўян хокистарранг, сафед, ҳаддодии аълосифат, легироӣ ва ғ. мешавад. Чўяни хокистарранг (дар таркибаш карбон дар шакли графит мавҷуд аст) дар мошинсозӣ, техникаи санитарӣ, конструкцияҳои бинокорӣ ва ғ. васеъ истифода шуда, аз рўи баъзе хусусиятҳои конструкциониаш аз пӯлод бартарӣ дорад. Чўяни сафед хӯлаест, ки дар он карбон дар ҳолати пайвастагӣ дар шакли карбиди оҳан (цементит) ё карбидҳои махсус мавҷуд аст. Бинобар мӯрт будану хосияти пасти механикӣ доштанаш Чўяни сафедро дар мошинсозӣ ҳам истифода мебаранд.

Чўяни ҳаддодиро аз Чўяни сафед ҳосил мекунанд, ки он нисбат ба пӯлод хосияти демпфирии хуб дорад. Чўяни- ҳаддодӣ асосан дар автомобилсозӣ, тракторсозӣ ва сохтани мошинҳои хоҷагии қишлоқ истифода мешавад. Чўяни аълосифат нисбатан сахт буда, онро дар натиҷаи модификацияи Чўяни моеъ (бо илова намудани Mg, Се, Са ва ғ.) ба даст медароранд. Барои истеҳсоли зонунавард, чархи дандонадор, шатун, муфта, пули ақиби автомобил ва ғ. истифода мешавад. Чўяни легиронӣ дар таркибаш ғайр аз компонентҳои муқаррарӣ, иловаҳои махсус Сг, Ni, Mo, V, Ti, Al, Cu ва ғ. низ дорад, ки онҳо ҳосилти гармибардорӣ, магнитнокнашавӣ, коррозияустуворӣ ва диг. хосияти Чўянро мустаҳкам мекунанд. Чўяни легиронӣ вобаста ба хосияти химиявиаш гуногун (хромдор, никелдор, алюминийдор ва ғ.) мешавад. Чўян тамғаҳои гуногун дорад, ки бо ҳарфу рақам ишора мешавад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …