Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Ҷумҳурии ЧУВАШИСТОН

Ҷумҳурии ЧУВАШИСТОН

chuvashiston-republic

ЧУВАШИСТОН, Республикаи Автономии Советии Социалистӣ (Чаваш Автономилле Советла Социализмла Республики), дар РСФСР. Масоҳ. 18,3 ҳаз. км3. Аҳолиаш 1320 ҳаз. наф. (1986), чувашҳо (887,7 ҳаз. нафр 1979), русҳо, тоторҳо ва ғ. Аҳолии шаҳрӣ 53%. 24 район, 9 шаҳр ва 8 птш дорад. Пойтахташ ш. Чебоксары. Сатҳаш асосан ҳамвор; дар шарқ баландии Назди волга воқест. Ҳарор. миёнаи янв. —13° С. июль 19С. Боришоти солона 450—500 мм. Дарёи асосиаш Волга. Қариб 1/3 қисми ҳудуди Чувашистон бешазор аст. Қабилаҳои чуваш дар а-ҳои 13—15 ташаккул ёфтаанд. Дар а-ҳои 15—16 ҳудуди Чувашистон ба ҳайати хонии Қазон дохил мешуд. С. 1551 Чувашистон ихтиёран ба ҳайати Россия дохил шуд. Июни 1920 ҳамчун вил. автон. дар ҳайати РСФСР таъсис ёфта, 21 апр. 1925 ба РАСС табдил дода шуд. Дар Чувашистон корхонаҳои мошинсозӣ, чӯбгарӣ, саноати химия, сабук ва истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ мавҷуданд. Дар ҳудуди республика ГЭС-и Чебоксары сохта шудааст. Гандум, ҷавдор, марҷумак, канаб, тамоку, картошка ва сабзавот мекоранд. Боғдорӣ ривоҷ ёфтааст. Чорводорӣ барои истеҳсоли гӯшту шир махсусгардонида шудааст. Мурғ ва занбӯри асал мепарваранд. Тӯли р. о. 429 км, роҳҳои автомобилгард 2,2 ҳаз. км. Чувашистон бо орденҳои Ленин (1935), Революцияи Октябрь (1970), Дӯстии халқҳо (1972 ) мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …