Маълумоти охирин

Чурра

ЧУРРА, дабба, фатқ, фата қ, кила, аз ягон ҷавфи бадан тавассути сӯрохҳои модарзод ё сунъӣ барона дани узвҳои дохилӣ ё ягон қисми онро гӯянд, ки зимни он пардаи узв ё пӯст осеб намеёбад. Чурра аз нуқсонҳои сунъӣ -(аз пурра сиҳат наёфтани захми ҷарроҳии девораи шикам, аз зарбу лат хурдани миқдори зиёди бофтаҳои мушакӣ ва ҳосилшавии ҳадша ва ғ.) низ пайдо мешавад. Агар Чурра аз девораи шикам намоён шавад онро Чурраи берунӣ гӯянд ва агар Чурра аз як ҷавфи бадан ба дигар ҷои батн гузарад (мас., аз ҷавфи шикам ба қафаси сина), Чурраи дарунӣ меноманд. Чурра модарзодӣ (бо нуқсондор будани инкишофи ҷанин дар бачадон) ва иктисобӣ (дар рафти ҳаёт пайдошуда) мешавад. Чирраи  иктисобӣ дар натиҷаи фаъолияти меҳнатии инсон, махсусан аз корҳои вазнини ҷисмонӣ (мас., бори вазнин) ба вуҷуд меояд. Ҳангоми фишурдашавии Чурра бемор дарди азиятдиҳанда ҳис карда, қай мекунад ва дар натиҷаи афзудани ҳаҷми Чурра руда маҳдуд мешавад. Чурраи беруниро бо усулҳои палмосидан ва Чурраи даруниро бо усулҳои рентгенологию эндоскопӣ ошкор менамоянд.

grizha

Муолиҷа: ҷарроҳӣ.

Пешгирӣ: варзиши шифоӣ, муолиҷаи бемориҳои асосие, ки боиси Чурра мешаванд (сулфа, қабзият, лоғарӣ, фарбеҳӣ ва ғ.); агар зан ҳомила бошад, истифодаи чуррабанд (бандаж).            Ю.И.Додхоев.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …