Маълумоти охирин
Главная / Биология / ЧӮПОНЧОЙ

ЧӮПОНЧОЙ

chuponchoy

ЧӮПОНЧОЙ, мухаллас (Dian-thus tetralepis), гиёҳӣ худрӯи бисьёрсолаест аз ҷинси мехак (оилаи мехакиҳо). Пояаш рост, сершохча, 15—20 см қад мекашад. Баргаш дарозрӯя (дарозиаш 2—5 см, бараш 1—2 мм), гулаш гулобӣ, сафед ё арғувонӣ, дар нӯги поя ва шохча яктоӣ мешукуфад. Ғӯзааш кушодашавандаи сертухм, тухмаш майдаи сипаршакл, сиёҳ. Дар ҷойҳои санглох ва регу шағалдори нишебиҳои кўу соҳили дарёҳҳо месабзад. Май — июнь мешуку фад. Фақат дар Помиру Олой ваТиёншон мерӯяд. Дар республикаи мо дар қ-кӯҳҳои Қурама, Туркистои, Зарафшон, Ҳисор, Дарвоз ва ғ. (аз 600 то 2800 м аз с. б.) вомехӯрад. Гул, баргу пояи мухалласро ҳамчун чой (махсусан чӯпонҳо) дам карда менӯшанд. Решаи онро дар тибби халқӣ барои табобати заъфи дил, инчунин ҳангоми ғалаёни хун (гипертония) истифода мебаранд. Бехи Чўпончой моддаҳои сапонинӣ дорад.

М. Хоҷиматов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …