Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ЧУКОВСКИЙ Корней Иванович

ЧУКОВСКИЙ Корней Иванович

chukovskiy-k

ЧУКОВСКИЙ Корней Иванович (31. 3. 1882, Петербург—28. 10. 1989, Москва), нависандаи советии рус,мунаққид, адабиётшинос ва тарҷумон. Доктори илмҳои филология (1957). Аввалин очеркҳояш доир ба фаъолияти адабии дарии нависандагони муосираш с. 1901 чоп гардидаанд, ки дар китобҳои «Аз Чехов то замони мо» (1908), «Чеҳраҳо ва ниқобҳо» (1914) фароҳам омадаанд. Афсонаҳои барои бачагон эҷодкардааш — «Мойдодир», «Нонхурак» (ҳар ду 1923), «Бармалей» (1925), «Айболит» (1929) ва ғ. ба дили кудакон роҳ ёфта, китоби дӯстдоштаи бачаҳои халқу миллатҳои гуногун мебошанд. Китоби «Бачагони дӯстрӯ» (1928, дар нашрҳои баъдина «Аз ду то панҷ» ном гирифт) дар натиҷаи омӯзиши амиқи занони кўдакон ва психологияи онҳо ба миён омадааст. Чуковский солҳои зиёд ба омўзиш ва нашри осори Н. А. Некрасов машғул шуда, асари муҳимме бо номи «Маҳорати Некрасов» (1952; Мукофоти ленинӣ, 1962) офарид. Аз ҳаёти ходимони адабиёту санъати рус якчанд асарҳои ёддоштӣ ва адабиву таърихӣ эҷод кардааст. Чуковский ҳамчун тарҷумон нахустин бор хонандаи русро бо китоби У. Уитмен «Баргҳои алаф» (1907) шинос кардааст. Доир ба назарияи тарҷума низ тадқиқот дорад. Асарҳояш ба забонҳои гуногун тарҷума шудаанд. Аз ҷумла ба забони тоҷикӣ «Телефон» (1936,     1958), «Лимпопо» (1936), «Мойдодир» (1939,  1958), «Духтур Айболит» (1940, 1958), «Рабудани офтоб» (1967) аз чоп баромаданд. Бо ордени Ленин, 3 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …