Маълумоти охирин
Главная / Биология / ЧУҚОЛАИ САГАК

ЧУҚОЛАИ САГАК

chukolai-sagak

ЧУҚОЛАИ САГАК (Rhapanticum), ҷинси гиёҳҳои бисьёрсолаест аз оилаи мураккабгулҳо. Пояаш камшох, баргаш чарммонанд, аввалҳои гулшукуфт сабзи зардтоб мешавад. Гулаш дуҷинса, арғувонии бунафш, баъзан зард: тухмаш чорқирра. 17 намудн он дар Нимкураи Шимолӣ (аз уқ. Ором тавассути Осиё то Европаи Ғарбӣ) мерӯяд. Дар СССР 12 (дар. Тоҷикистон 2) намуди Чуқолаи сагак месабзад. Махсусан Rh. integ-rifolia (дар нишебиҳои сершағалу регхок ва сералафи кўҳҳои Помиру Олой ва ҷан. ғарби Тиёншон нумӯ меёбад; 600—2000 м аз с. б.), ки 70— 120 см қад мекашад, гули зардтоб (дарозиаш 3,5—4 см) дорад, хеле маъмул аст.

Ҳама намудҳои Чуқолаи сагак растаниҳои хуби ороишианд, баъзеи онҳоро дар боғҳои ботаникӣ сабзондаанд. Тухм ва решаи Чуқолаи сагакро дар тибби халқӣ чун доруи муқаввӣ истифода мебаранд. Бехаш витаминҳои С, А ва моддаҳои даббоғӣ дорад.

Ал.: Флора СССР. т. 28. М.—Л., 1863.

С. Юнусов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …