Маълумоти охирин

ЧУҒЗ

chughz

ЧУҒЗ, чуғд (Sirigifonnes), паррандаест бадовози аз бум хурдтар. Дарозии баданашон аз 12,8 то 70 см. Чуғзи модина аз наринааш калонтар аст. Асосан шабона мепарад. Пойҳои бақувват ва чанголи тез дорад. Нулаш калони тез ва нӯгкаҷ; болу парашон нарм, асосан бӯрранг ё зардча. Аксари Чуғзҳо паррандагони муқимианд. Дар ковокии дарахт, шах, замин, биноҳо лона мегузоранд. Чуғзи модина 4—6 (баъзан 10—14) тухми сафед гузошта, 25—35 шабонарӯз зер мекунад.

Ад.: Иванов А. И., Птицы Памиро-Алая, Л., 1969; Абдусаля мов И. А., Фауна Таджикской ССР. Птицы, т. XIX, ч. 1., Д. 1971.           И. Абдусаломов

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …