Маълумоти охирин
Главная / Илм / ХРОНОЛОГИЯ

ХРОНОЛОГИЯ

ХРОНОЛОГИЯ (аз юн. chronos — вақт ва логия), 1) Пайдарҳамии ҳодисаҳои таърихӣ дар замон; 2) илмест дар бораи ченаки вақт. Xронология астрономӣ (математикӣ) ва техникӣ (таърихӣ) мешавад. Хронологияи астрономӣ  қонуниятҳои гуногуни такроршавандаи падидаҳои осмониро меомўзад ва тавассути муҳосиба вақти аниқи астрономиро муқаррар мекунад. Хронологияи таърихӣ фанни ёрирасони таърих буда, дар асоси омўзиш ва муқоисаи манбаъҳои хаттӣ ва археологӣ санаҳои аниқи воқеаҳои гуногуни таърихӣ ва ҳуҷҷатҳоро муайян менамояд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …