Маълумоти охирин

ЧОЙХОНА

ЧОЙХОНА, ҷои ҷамъиятиест барои истироҳат, ки аз самоворхона ва хонаи чойнӯшӣ иборат аст. Дар гузашта корвонсаройҳо ва диг. ҷойҳои ҷамъиятӣ вазифаи Чойхонаро адо мекарданд. Чойхонаҳо дар Осиёи Миёна баъди маъмул гардидани чой ба вуҷуд омаданд. Онҳо аввал дар Бухоро, минбаъд дар Самарқанд, Тошкент, Хуҷанд, Уротеппа, Конибодом, Панҷакент, Хуқанд ва тақр. ох. а. 19 дар деҳоти водиҳои Фарғонаю Зарафшон, минбаъд ноҳияҳои кўҳии Тоҷикистон пайдо гардиданд. Чойхонаҳо маъмулан дар маҳалла, бозору чорроҳаҳо ва кӯчаҳои серрафтуой бино шуданд. Дар Тоҷикистон (ба ғайр аз Помир), Қирғизистон, Туркманистон, Хоразму водиҳои Зарафшону Фарғона чои кабуд, дар як қисми Узбекистон (Тошкент) ва Қазоқистон чойи сиёҳ (фомилӣ) менӯшанд.

Дар гузашта Чойхонаҳо ҷои ҷамъоии шоирону ровиён ва шабгузаронии мусофирон буданд.

Чойхонаи "Роҳат"
Чойхонаи “Роҳат”

Дар солҳои Ҳокимияти Советӣ Чойхонаҳои сурх ҳамчун марказҳои агитацияю пропаганда ва корҳои ташкилӣ бунёд шуданд. Дар Чойхонаҳои работҳои маркази колхозу совхозҳо, корхонаҳои саноатӣ, сохтмон, нақлиёт, гӯшаҳои сурх бо рӯзномаҳо, маҷаллаҳо, шашкаю шоҳмот, радио ва телевизион барои истироҳати меҳнаткашон хизмат мекунанд. Як қатор Чойхонаҳо ба клубҳои вохӯриҳои шавқовар бо ветеранҳои ҷангу меҳнат, депутатҳо, олимону шоирон табдил ёфтаанд. Дар шаҳрҳои Душанбе, Ленинобод, марказҳои вилоятҳо ва районҳои республика солҳои охир якчанд биноҳои бошукӯҳи Чойхонаҳои бо услуби милли ороишёфта, aз қабили «Фароғат», «Роҳат», «Саодат» (Душанбе), «Панҷшанбе» (Ленинобод), «Ором» (Исфара), «Гули Сурх» (Уротеппа), «Дилкушо» (Қӯрғонтеппа) сохта шудаанд.       Н. Турсунов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …