Маълумоти охирин
Главная / Биология / ЧОЙКАҲАК

ЧОЙКАҲАК

ЧОЙКАҲАК, чойалаф, чойчуба, алафи чояк, далачой, сурхчой, чойлоқӣ, чачарашқу, чачароғу (Hypericum perforatum), як навъ гиёҳи бисьёрсолаест аз оилаи чойкаҳакиҳо. Пояаш рост, сабз (баъзан бури сурхтоб), сершохубарг; гулаш зард, 5-барга (моҳҳои май —июль мешукуфад).

choykahak

Чойкаҳак дар аксар ноҳияҳои Тоҷикистон (600—3000 м аз с. б.) гиёҳи маъмул аст. Одатан дар минтақаи ҷангалзори гармсер (шибляк) ва паҳнбарг, марғзор, нишебиҳои регию санглох, шағалҷойҳо, теппаҳои зардхок, соҳилн руду дарьёҳо, боғ ва ғ. нумӯ меёбад.

Чойкаҳак яке аз қадимтарин гиёҳҳои доруист. Бесабаб нест, ки табибон мегӯянд: «Бе орд нон натавон пухт, бе чойкаҳак бисьёр бемориҳоро табобат натавон кард». Чойкаҳакро ба 99 касалӣ даво меҳисобанд. Бино ба маълумоти Абӯалии Сино тухми Чойкаҳак (агар 40 рӯз истеъмол кунанд) «вараҷаи чаҳоррӯза» ва газаки асаби суринро рафъ мекунад, инчунин позаҳр аст.

Дар фитотерапия (табобати наботӣ) бо ҷӯшобаи Чойкаҳак захми меъда, иллати ҷигар, талхадон (заҳрадон), гурда ва ғ., бо «равғани чойкаҳак» (20 г гули тару тозаи Чойкаҳакро дар 200 г равғани зағир ё равғани офтобпараст дар давоми 14 рӯз қиём мекунанд) ҷароҳат ва ҷои сӯхтаи пустро табооат менамоянд. Табибони халқӣ Чойкаҳакро барои табобати захми меъдаву рӯда, ниқрис, сил, тарбод, ирқуннисо (ишиас), заъфи дил, ҷигар, гурда, пешобдон, бавосир, бемориҳои занона, касалиҳои пӯст, «шамолхӯрӣ» ва ғ. истифода мебаранд. Пештар онро чун чой истеъмол мекарданд.

«Алаф» (шохчаи сербаргу гул)-и Чойкаҳак ашьёи хоми саноати тибби имрӯза аст. Санҷиши Чойкаҳак нишон дод, ки хусусиятҳои гуногуни давоӣ дорад. Бисёр бактерияву микробҳои касалиангезро мекушад, илтиҳоби узвҳои мухталифро рафъ менамояд. Ҳоло дар амалияи тибби имрӯза бештар нақеъи «алаф»-и Чойкаҳак (Tinctura Hyperici), инчунин доруҳои «Новоиманин» (маҳлули спиртӣ) ва «Иманин» (хока, марҳам)-ро, ки аз он тайёр мекунанд, барои табобати касалиҳои ҷавфи даҳон, пуст ва ғ., инчунин иллати баъзе узвҳои дарунӣ истифода мебаранд. Чойкаҳак ҷузъи таркибии нӯшокии муқаввии «Байкал» аст.

Чойкаҳакро барон ранг додани матоъ (зард, сабз, сурх, гулобӣ) истифода мебурданд. «Алаф»-и Чойкаҳак то 12% моддаҳои даббоғӣ, 100—120 мг% витамини С, 9—14% каротин (провитамини А), то 0,1% равғани эфир, гликозиду флаваноидҳои гип рицин (то 0,4%), гиперозид (0,7%) ва ғ. дорад.

Ад.: Йорданов Ц. (ва диг.], Фитотерапия. София, 1972; Гаммерман А. Ф. [ва диг.], Лекарственные растени (Растения — целителя), М., 1975; Полуденный Л. В. [ва диг.], Эфиромасличные и лекарственные растения. И., 1979; Флора Таджикской ССР, т. 6, Л.. 1981.            М. Ҳоҷиматов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …