Маълумоти охирин

ЧОЙИҲО

choy

ЧОЙИҲО (Theaceae), як оилаи растаниҳост (асосан буттаву дарахтония ҳамешасабз). Чойиҳо барги одатан содда ва чармгуни ҷилодор, гули калони сафед, гулобӣ, баъзан сурх, 4—5 (баъзан 9)-барга, меваи гуногун (ғӯза, донакмонанд, ғуҷуммева) до-ранд. Ба Чойиҳо 16 ҷинсу тақр. 500 намуд (аз рўи маълумоти дигар—30 ҷинсу қариб 550 намуд)-и растаниҳо мансубанд. Онҳо асосан дар ноҳияҳои тропикӣ ва субтропикӣ мерӯянд. Махсусан чой аҳамияти калон дорад. Гули камола низ дар саноати хӯрокворӣ, техникӣ, рангворӣ, собунпазӣ, атриёт ва тиб (равған, равғани эфир ва ғ.) истифода мешавад.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …