Маълумоти охирин

ЧОЙ

ЧОЙ, чо, 1) буттаи чой, дарахти чой, чойбун (Thea sinensis), як навъ бутта ё дарахти хурди ҳамешасабзро гӯянд, ки барги махсус хушконидаи онро дар оби ҷӯш дам карда менўшанд; аз рўи таснифоти ботаника ба оилаи чойиҳо тааллуқ дорад. Дар шароити зироат то 1,5 м қад мекашад. Баргаш дарозрӯяи нӯгтез (6—30 см), чармгун, ҷилодор (баргҳои навсабзаш пашмакдор). Гулаш 5—9 баргаи сафед ё гулобӣ (диаметраш 2—5 см), хушбӯй. Ғӯзааш 3—5-палла, 1—5-тухма; баъди пухтан мекафад. Тухмаш мудаввари дорчинӣ, пӯсташ сахт, серравған (вазни 1000-тоаш қариб 1 кг).

choy

Чойи худрӯй (Т. sinensis var as-sarnica) дарахтест (10—15 м), ки дар ҷангалзори Ассам (Ҳиндустон) ва нохияҳои ҳамшафати Ҳиндухитой мерӯяд. Ноҳияҳои бешазори Ассам, Бирма, Юньнань (Хитой) ва Ветнами Шимолиро ватани Чой меҳисобанд. Чойро дар Хитой 2500 сол то м. чун растании доруӣ мепарвариданд. Чойро ба Европа португалиҳо (асрҳои 15—17) аз Осиёи Шарқӣ овардаанд. Аввалҳо онро чун дору истеъмол мекарданд, минбаъд (аз а. .18) яке аз нӯшиданиҳои маъмул гардид. Ба Россия Чойро аввалинбор сафири рус В. Старков аз Муғулистон (с. 1638) овардааст. Дар Осиёи Миёна Чой дар охири а. 19 пайдо шудааст. Аввалин буттаи Чойро дар наздики Сухуми (с. 1842) кӯчат кардаанд. Маълум гардид, ки шароити маҳал барои чойпарварӣ хеле мусоид аст. С-ҳои 60 а. 19 дар ноҳияҳои Озургетӣ чойзор буньёд карданд. С. 1912 чойпарварӣ дар Озорбойҷон оғоз ёфт. С. 1917 дар соҳилҳои б. Сиёҳи Кавказ қариб ҳазор гектар Чой буд. Ҳоло дар дуньё тақр. 1,5 млн га чойзор ҳаст ва соле қариб 1,5 млн т чойи хушк мегиранд. Бештар дар Ҳиндустон (соле қариб 500 ҳаз. т), Шри Ланка (тақр. 215 ҳаз. т), Хитой (қариб 200 ҳаз. т), СССР (тақр. 72 ҳаз. т) чой истеҳсол мекунанд. Дар СССР қариб 75 ҳаз. га (асосан дар Гурҷистон) чойзор ҳаст ва аз ҳар га тақр. 4 т барги тар меғундоранд.

Чой аслан растании ноҳияҳои тропикӣ ва субтропикист. Чой зироати гармипарвард (ҳарор. мусоид 22— 23°С) ва ба хунукӣ (—10С,—12°С) тобовар аст. Буттаи Чой 50—100 сол (.10—70 сол серҳосил) месабзад. Аз соли 4-ум cap карда (аз ох. апр. то сент. баъди дар 10—20 рўз) баргашро мечинанд. Ашьёи хомро ба фабрика мефиристонанд; 2) чойи хушк, маҳсулотест, ки аз барги Чой тайёр мекунанд. Истеҳсоли Чой кори мураккабест. Дар мамлакати мо асосан чои сиёд (фомилӣ), чои кабуд истеҳсол мекунанд. Дар Ҳиндустон, Хитой ва Япония Чойи зард ва сурх (солонг) ҳам ҳаст.

Чои сиёҳ. Баргҳои навсабзи Чойро аввал дар ҳарор. 40—50С пажмурда менамоянд, сипас онҳоро мепечонанд ва ферментация мекунанд. Аз таъсири фермент қисми талхи танини барг оксид шуда, танини хуштаъм ҳосил мегардад, барг сиёҳ ва хушбӯй мешавад; аз равғани эфири он бўи садбарг, лимў, афлесун ва ванил меояд. Сипас Чойро мехушконанд ва ба навъҳо ҷудо менамоянд.

Тарзи истеҳсоли чои кабуд ҳам монанди чои сиёҳ аст. Аммо баргро пеш аз пажмурда намудан буғ (1О0С) мекунанд ва баъд мепечонанд; дар натиҷа ферментҳо вайрон шуда, барг сабз мемонад.

Навъи беҳтарини Чой— гулчой-ро аз баргмуғча, яъне аз барги навкушодаи буттаи чой («муғчаи тиллоӣ») тайёр мекунанд. Таъм ва бӯи хеле форам дорад. Умуман баъзан барои хушбӯй кардани навъҳои гуногуни Чой гули ёсуман (Jasminum Officinalis) ё гули дарахти османтус (osmanthus fragrans)-po ҳамроҳ мекунанд. Дар дуньё бештар Чойҳои ҳиндӣ, цейлонӣ ва хитоӣ машҳуранд.

Аз партови барг ва чойреза кофеин, доруҳои витаминӣ ва ғ. мегиранд. Равғани тухми Чойро дар пардозгарӣ, саноати консерв (ба ҷои равғани зайтун), собунпазӣ ва чун равғани техникӣ истифода мебаранд.

Чойи хушк қариб 12% танин, 16% сафеда, 1,5% қанд, алкалоидҳо (то 5% кофеин, теофилин, теобромин), витаминҳои С (то 250 мг%), Р. РР, равғани эфир ва ғ. дорад; 3) як навъ нӯшиданиест, ки аз барги махсус хушконидаи буттаи Чой тайёр кунанд. Чойро чун нӯшидании муқаввӣ аз қадим (2700 сол то м.) истифода мебурданд.

Абӯрайҳони Берунӣ оид бо оғози истеъмоли Чой дар «Сайдана» овардааст (мазмунан): Шоҳи Чинро яке аз ашрафонаш ба ғазаб овардааст. Шоҳ фармудааст, ки уро ба кўҳ ронанд. Боре ӯ, пас аз он ки хеле лоғару заиф гашта буд, дар кӯҳ растаниеро дида монд ва чанд муддат онро истеъмол кард. Ранги рӯяш хеле накӯ ва худ бардаму солим гашт. Ва ӯро боре яке аз муқаррабони шоҳ бидид ва хабари ин ҳол ба шоҳ расонд. Шоҳ фармуд, ки вайро зуд ба наздаш оваранд. У зоҳиран чунон тағйир ёфта буд, ки шоҳ ҳарчанд бодиққат нигарист, нашинохт. Шоҳ аз ӯ сабаби солимӣ ва накўии ранги рӯяшро пурсид. У асли воқеаро гуфт… Ва он рӯз асрори Чой ошкор гардид. Чӣ тавре, ки Берунӣ гуфтааст, Чойро бурида дар зарфҳои чоргӯша мехушконанд ва гоҳи зарурӣ аз он бо оби ҷӯш нушиданӣ тайёр мекунанд, ки табшикан ва софгари хун аст, инчунин зарари майро бартараф менамоянд. Чойе, ки мо менӯшем, моддаҳои даббоғӣ (танин), витаминҳо, алкалоидҳо (кофеин ва ғ.) ва равғани эфир барин моддаҳои муфид дорад. Он хусусияти зиддимикробӣ дорад, барои аз организм хориҷ шудани моддаи радиоактивӣ стронций ҳам мусоидат мекунанд. Чой нушидании қувватбахш ва ташнашикан (алалхусус чои кабуд) аст. Дар як истакон чой 0,02—0,1 г кофеин (вобаста ба навъҳои гуногунн Чой) ҳаст. Кофеин ангезандаи пурзӯри асаб аст. Онро дар тиб ба шахсони хаставу заиф, камқувват ва ғ. тавсия модиҳанд. Бесабаб нест, ки Савдо гуфтааст:

Зи ҷӯши чойҷӯшам ин нидо дар гӯш меояд.

Ки ч ои талх равшан мекунад табъи сухандонро.

Аммо чойи талх (махсусан Чойии сиёҳ) ба шахсоне, ки гирифтори бехобӣ, ғалаёни хун (гипертония), бемориҳои дил, захми меъдаву рӯдаи дувоздаҳангуштаанд зарар дорад. Чой барои тоҷикон нӯшидании муқарарӣ ва анъанавист (ниг. низ Чойхона).

Ад.: Бахтадзе К. Б., Биологические основы культуры чая, Тбилиси, 1974; Беруни, Избранные произведения, IV, фармакогнозия в медицине (Китаб ассайдана фи-ттибб), Ташкент, 1974; Жизнь растений, т. 5 (2). М„ 1981.

М. Хоҷиматов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …