Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ЧОРЯККОРӢ

ЧОРЯККОРӢ

ЧОРЯККОРӢ, яке аз шаклҳои истисмори феодалӣ дар Осиёи Миёна то ғалабаи Революцияи Октябрь, инқилоби Бухоро ва Хева. Одатан ба мардикорӣ ва Чоряккорӣ (85—90%) деҳқонони безамин ва камзамин машғул мешуданд. Дар баъзе маҳалҳо деҳқонон мувофиқи шароит аз се як ё панҷяки маҳсули меҳнати худро мегирифтанд. Онҳоро сеяккор, панҷяккор ҳам мегуфтанд. Ин гуна деҳқонон дар маҳалҳо чун чоряккор машҳур буданд. Деҳқононе, ки дар заминҳои муқаррарӣ ва танҳо кор мекарданд, дар давраи ҳосилғундорӣ аз 4 як, соҳибони воситаҳои истеҳсолот (соҳиби замин, об, тухмӣ, олатҳои меҳнат, чорвои корӣ) аз 4 се ҳиссаи ҳосилро мегирифтанд. Агар деҳқон дар вақти кор олот, тухмии худ ва ғ.-ро истифода барад, ҳангоми тақсимот ҳиссаи у зиёдтар мешуд. Замин камҳосил бошад, чоряккор аз 3 як қисми ҳосилро мегирифт. Баъзан заминдор барои тезонидани суръати кор мардикор ҳам киро мекард, ки ин боиси кам шудани даромади чоряккор мешуд. Заминро барои иҷора ва Чоряккорӣ одатан ба деҳқони бой ё миёнаҳол медоданд. Деҳқонони камзамин аксар оилаи худро таъмин карда натавониста, порчаи замини худро ба чоряккор дода, ба мардикорӣ мерафтанд. Заминдорони калон ба қувваи кори деҳқонони чоряккор нисбат ба мардикор бештар манфиатдор буданд, зеро меҳнати чоряккор бештар фоида медод. Мас, заминдор барои киштукор ва ҷамъоварии пахтаи 1 десятина замин қувваи мардикорро истифода бурда 147 суму 69 тин.сарф мекард ва 68 сӯму 40 тин даромад мегирифт. Заминдор барои истифодаи қувваи чоряккор 68 суму 61 тин сарф карда, 147 суму 69 тин даромад мегирифт.

Дар ибт. а. 19 дар натиҷаи инкишофи муносибатҳои пулию молӣ ва ба хоҷагии қишлоқ cap даровардани унсурҳои капиталистӣ дар баъзе маҳалҳо чоряккорон ба ивази замини иҷорагирифта пул медоданд. Дар арафаи Революцияи Октябрь бисёр чоряккорон ӯҳдадории худро адо карда наметавонистанд, ин тоифа ба заминдорон итоат намекардагӣ шуда, ба шаҳрҳо ба кор мерафтанд ва бо коргарони рус якҷоя меҳнат карда, сабақи муборизаи сиёсӣ меомӯхтанд. Революцияи Октябрь ва Революцияи халқии Бухоро чоряккоронро аз вазъияти тоқатфарсо озод кард.

М. Бобохоно.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …