Маълумоти охирин
Главная / Илм / ЧОРЯК

ЧОРЯК

ЧОРЯК, воҳиди қадимаи ченаки вазн дар Осиёи Миёна. То Революцияи Октябрь ва солҳои аввали баъди он дар Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд, Уротеппа ва ғ. аз чаҳор як ҳиссаи пуд (16 кг)-ро Чоряк меномиданд. Дар Бухоро, Самарқанд 4,1 кг Чоряки калон, 2 кг Чоряки хурд, дар Хуҷанд, Уротеппа ва диг. ноҳияҳои Тоҷикистон 4 кг Чоряк ва 2 кг нимчоряк ном дошт. А. 19 дар баъзе мавзеъҳои Фарғона 2—4 ва ҳатто 4,5—5 пудро як Чоряк меҳисобиданд. Баъзан истилоҳи Чорякро ба ҷои ман низ ба кор мебаранд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …