Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ЧОРВОДОРӢ

ЧОРВОДОРӢ

ЧОРВОДОРӢ, як соҳаи хоҷагии қишлоқ, ки ба парвариши ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ, барои истеҳсоли маҳсулоти чорво машғул аст. Чорводорӣ саноати сабукро бо ашьёи хом (пашм, пӯст ва ғ.), аҳолиро бо озуқаворӣ(шир, гӯшт, равған ва ғ.), инчунин ҳайвоноти корӣ (асп, барзагов, гажгов, хар, хачир, шутур, гавазн) ва ғ. таъмин мекунад. Аз маҳсулот ва партови Чорводорӣ хӯроки чорво (орди гӯшту устухон, орди устухон ва ғ.), инчунин доруҳои гуногун (зардоби табобатӣ, моддаҳои гормонӣ ва ғ.) тайёр менамоянд. Тараққии Чорводорӣ ва маҳсулнокии он бо инкишофи растанипарварӣ, самарабахшии истифодаи замин сахт алоқаманд аст. Соҳаҳои Чорводорӣ: говпарварӣ, гусфандпарварӣ, бузпарварӣ, асппарварӣ, шутурпарварӣ, харгушпарварӣ, ваҳшпарварӣ, гавазнпарварӣ, қӯтоспарварӣ, xapпарварӣ, хачирпарварӣ; Чорводорӣ шартан мурғ, моҳӣ ва занбури асал парвариро низ дар бар мегирад. Чорводорӣ дар республика яке аз соҳаҳои муҳимтарини х. қ. буда, баъди растанипарварӣ аз ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти умумӣ ҷои дуюмро ишғол мекунад. Дар раёнҳои куҳсори республика (махсусан дар ВАБК) Чорводорӣ манбаи асосии даромади хоҷагиҳо мобошад. Шароити табиии аз ҷиҳати орография, иқлим, сифати хок ва наботот гуногуни Тоҷикистон барои дар ин ноҳия ташаккул ёфтани намуду зотҳои муайяни ҳайвоноти х. қ. мусоидат кард. Дар шароити вазнини табиӣ ва экстенсивии парвариш гусфанди хурдҷуссаи дарвозӣ ва гови хеле каммаҳсули зебумонанд ташаккул ёфтанд. Вазни гусфанди дарвозӣ 29 —33 кг буд ва аз он 0,7—0,8 кг пашми дурушт метарошиданд. Вазни гови зебумонанди болиғ қариб ба 250 кг мерасид ва соле ҳамагӣ 350— 400 л шир медод. Бузу мурғҳои маҳаллӣ низ каммаҳсул буданд. Баробари ин дар шароити нисбатан хуби парвариш бо роҳи интихоб калонтарин дар ҷаҳон зоти гусфанди сергӯшту равғани ҳисорӣ (ниг. Гусфанди ҳисорӣ), зотҳои сермаҳсули аспи лақайӣ ва аспи қаробоҳириро ба вуҷуд оварданд.

chorvodori

Чорводорӣ дар Тоҷикистон баробари барқарор шудани Ҳокимияти Советӣ, махсусан баъди барпо кардани колхозу совхозҳо, босуръат тараққӣ кард. Чорводорӣ дар колхозу совхозҳо дар заминаи муттасил мустаҳкам шудани базаи хуроки чорво, беҳтар шудани вот, парваришу нигоҳубини чорво, вусъати сохтмони биноҳои Чорводорӣ, афзоиши механиконӣ, такмили ташкили меҳнат дар фермаҳо ва хизмати ветеринарӣ инкишоф ёфт. Ҳамаи ин боиси тез афзудани саршумори чорвои ҷамъиятӣ гардид.

Ҳоло қисми асосии ҳайвоноти х. қ.-и Тоҷикистон дар колхозу совхозҳо ва иттиҳодияҳо аст. 1 янв. 1981 -ум 47,8% саршумори гов ва 65,5% бузу гусфанд ба колхозу совхозҳо тааллуқ дошт. Маҳсулоти умумӣ ва молии Чорводорӣ солҳои Ҳокимияти Советӣ хеле зиёд шуд, харҷи давлатии маҳсулот низ афзуд. Дар тӯли 10 сол (1971—80) ҳаҷми хариди давлатии гӯшт дар РСС Тоҷикистон 1,6 баробар, шир 2 маротиба зиёд шуд. С. 1980 колхозу совхозҳо ва корхонаҳои байнихоҷагӣ беш аз 92 ҳаз. т гӯшт, зиёда аз 260 ҳаз. т шир, қариб 2,4 ҳаз. т пашм ва 250 млн дона тухм истеҳсол карданд.

1 янв. 1980 дар республика 367,6 ҳаз. говҳои зотӣ, 174,5 ҳаз. бузҳои зотӣ буд, яъне саршумори онҳо дар давоми 15 соли охир мутаносибан бештар аз 2, 2,4 баробар афзуд. Ҳоло вазни қиёсии гови зотӣ дар чорвои ҷамъиятӣ 94%, бузи зотӣ 74%, гӯсфанд, асп 100% аст.

Дар республика 12 завод, 16 совхоз ва фермаи зотпарварӣ (1981) ҳаст, ки оид ба беҳтар намудани зоти чорво кор мебаранд. Хоҷагиҳои зотпарварӣ ба колхозу совхозҳои республика ва берун аз ҳудуди он ҳазорҳо чорвои хушзот мефурўшанд. Солҳои охир дар республика 67 комплекси Човрдории ширӣ (барои 35,6 ҳаз. cap модагов)-ро ба истифода доданд, ки соле 106—108 ҳаз. т шир истеҳсол мекунанд, 37 иттиҳодияи байнихоҷагии говпарварӣ, 21 ғуноҷинпарварӣ, 10 гӯсфандпарварӣ ҳаст. Солҳои наздик саршумори сӯқум дар иттиҳодияи таҷрибавии аграрию саноатии «Ховалинг» ба 200 ҳаз. cap мерасад.

Дар Тоҷикистон гови зоти сиёҳало, гови абердинии ангусӣ, гови алотовӣ, гови бӯри карпатӣ, гови бури латвиягӣ, гови зебумонанди швицӣ, швицу зебумонанд, қалмиқӣ, сарсафеди қазоқӣ, герефордӣ ва ғ.-ро мепарваранд. Мувофиқи шароити табиии хоҷагии республика говҳои зоти ширдеҳ дар вилоятҳои Ленинобод, Қӯрғонтеппа, раёни Ҳисор, ширу гӯштдеҳ дар раёнҳои наздики кӯҳ, гуштдеҳ дар раёнҳои кўҳсор парвариш мешаванд. Ғажговпаварӣ соҳаи махсус буда, дар ноҳияҳои Помири Шарқӣ ва Ғарбӣ, Ҷиргатол инкишоф ёфтааст. Дар республика қариб 22 ҳаз. cap ғажгов (қӯтос) ҳаст (1986). Дар инкишофи ғажговпарварӣ саҳми совхози «Булункўл»-и pаёни Мурғоб (ВАБК), ки аз с. 1944 ғажгов мепарварад, калон аст.

Гӯсфандпарварӣ яке аз соҳаҳои калони Чорводории республика мебошад. Мувофиқи план парвариши гўсфанди қароқулӣ дар раёнҳои водии Вахш, Данғара, Ашт, Уротеппа, маҳин пашм ва насли дурагаи онҳо дар мавзеъҳои кӯҳӣ ва наздикўҳии раёнҳои Кӯлоб, Москва, Совет, Мастчоҳ, Ғарм, Комсомолобод, Ҷиргатол ва ВАБК, ҷойдорӣ дар вил. Ленинобод ва Помири IIlapқӣ ҳисорӣ дар водии Ҳисор ва як қатор хоҷагиҳои гурўҳи раёнҳои Кӯлоб, тоҷикӣ дар раёнҳои Куйбышев, Ёвон ва совхозҳои ба номи М. И. Калинин, Лоҳутӣ, «Қалъаи Дашт-2», «Шаҳристон-1» ба роҳ монда шудааст. Дар оянда дар республика то ба 500 ҳаз. cap расонидани саршумори гўсфанди қароқулӣ ва то 230 ҳаз. дона расонидаии истеҳсоли пусти қароқӯлӣ пешбинӣ шудааст. Дар Тоҷикистон хоҷагиҳои калони наслгирӣ: совхозҳои «Қабодиён», «Машъал», «Данғара» барои гўсфанди зоти қароқӯлӣ; заводи зотпарварии «Даҳанакиик», совхози ба номи М. И. Калинин барои зоти тоҷикӣ; совхози «Ҳисор», колхози ба номи В. И. Ленинн, М. И. Калинин  ва «Комсомол»-и раёни Турсунзода барои зоти ҳисорӣ; солҳои «Сағирдашт», «Қаротегин», «Кангурт» барои гӯсфандони маҳинпаш мавҷуданд, ки барои беҳтар гардндани зоти гӯсфандон ва сермаҳсулни онҳо кор мебаранд.

Дар баъзе районҳои республика фермаҳои бузпарварӣ ва хоҷагиҳои зотгирӣ таъсис ёфтаанд. Заводи зотпарварии ба номи Т. Эрйигитови pаёни Ашт ва совхози зотпарварии «Қизил Юлдуз»-и раёни Хуҷанди вил. Ленинобод яке аз хоҷагиҳои беҳтарини бузпарварӣ ба шумор мераванд.

Асппарварӣ соҳаи қадимӣ ва муҳимми Чорводорӣ меоошад. Дар республика 2 заводи асппарварӣ, 2 ст. зотпарварӣ, 4 аспхонаи давлатӣ, 2 аспрез (ипподром) ва ду парваришгоҳи махсуси аснҳои лақайӣ (Кӯктош) ва қаробоҳирӣ (Ӯротеппа) ҳаст. Ҳоло дар Тоҷикистон асосан зотҳои аспи лақайӣ, аспи қаробоҳирӣ ва қисман аспи қирғизиро мепарваранд. Дар солҳои «Кангурт», «Данғара», «Фахробод», ба номи М. И. Калинин раёни Ёвон ва колхозҳои «Коммунизм»-и раёни Орҷинкизобод, «Съезди 22-юми партия»-и pаёни Ҳисор фермаҳои намунавии зотпарварӣ мавҷуданд. Дар республика 26 ҳаз. cap аспи зотӣ (1980) ҳаст.

Мурғпарварӣ дар Тоҷикистон сол то сол тараққӣ мекунад. Дар «Программаи озуқавории СССР дар давраи то соли 1990» минбаъд афзун гардонидани истеҳсоли маҳсулоти чорвои РОС Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Истеҳсоли миёнаи солонаи гӯшт (ба ҳисоби вазни кушташуда) дар панҷсолаи 12-ум ба 130— 140 ҳаз. т, шир ба 580—600 ҳаз. т  расонида, дар давоми даҳ сол истеҳсоли ҳама навъҳои хӯроки чорво 1,5— 1,6 баробар зиёд карда мешавад.

Ад.: Есаулов П. А., Животноводство дар кит.: Сельское хозяйство СССР, М..1967. С. Форсихонов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …