Маълумоти охирин
Главная / Биология / ЧОРМОҒАК

ЧОРМОҒАК

ЧОРМОҒАК, чормоғкаҳак, чормоғбутта, занбӯя, сояи сангбаққа (Dictamnus tadsbiko-rum), гиёҳи бисёрсолаи худрӯст (аз оилаи судобиҳо). Пояаш рост, сербарг (65—150 см қад мекашад).

chormoghak

Баргаш пармонанд, мураккаб (аз баргчаҳои бисёр иборат); гулаш калони 5-барга (дарозии гулбаргаш 2—4,5 .см, бараш 0,6—2 см), гулоби ё гулобии сурхтоб; хушагулаш базеб (дарозиаш 8—30 см), тутшакл, сергул (ҳар кадом 15 —120 гул дорад); гӯлаш ситорашакл (дарозиаш 1.9—3,6 см, бараш

1.9—      5.5 см), 5-палла (баъзан  4,6—8-палла), баъди пухтан мекафад ва тухмҳои гирдаи сиёҳаш пош мехӯранд. Дар шароити табиӣ Чормоғаки аз тухм рунда баъди 9—10 сол гул мекунад. Одатан нимаи дуюми апр. ё авв. май ба сабзиш медарояд.

Чормоғак гиёҳи хоси Помиру Олой аст. Бештар дар настаранзор ва фаркзори бешаи паҳнбарг (қ-кӯҳҳои Ҳисору Дарвоз; 1100—2600 м аз с. б.) месабзад. Чормоғакро гиёҳи доруӣ ва ҳам заҳрнок меҳисобанд. Ҳамаи узвҳои он равғани эфир хориҷ мекунанд. Табиони халқӣ реша ва баргу пояи Чормоғакро барои табобати тарбод истифода мебаранд. Бехаш то 2,1% лактонҳо (лимонин, ксантотоксин ва ғ.), .0,2—0,3% алкалоидҳо (диктаминин, скиммианин ва ғ.), флаваноидҳо, гликозидҳо, сапонинҳо ва ғ. дорад. Дар баргаш то 7% моддаҳои даббоғӣ, то 1761 мг% витамини С ва пайвастҳои кумаринӣ мавҷуданд. Тухмаш 30— 41% равған дорад.

Ад.: Ходжиматов М., Особенности цветения Dictamnus tadshikorum Vved. Растительные ресурсы, т. в. Л., 1970; Молотковскил Ю. И., Ходжиматов М., Водный режими некоторые особенности роста и развития Dlctem-nus tadshikorum Vved. Доклады АН Таджикской ССР, 1974, № 3.М. Ҳоҷиматов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …