Маълумоти охирин
Главная / Биология / ЧОРМАҒЗИ ЗАМИНӢ

ЧОРМАҒЗИ ЗАМИНӢ

ЧОРМАҒЗИ ЗАМИНӢ, финдиқи заминн, арахис (Arachis hy-pogac), гиёҳи яксолаест аз оилаи лӯбиёиҳо. Пояаш борик, сершохи сабз ва серпашмак, ба монанди палак месабзад. Баргаш мураккаби пармонанд (аз 2 ҷуфт баргчаҳо иборат), хушагулаш 5—7-гула, шукуфааш зард ё норинҷӣ, ғилофакмевааш 1—5-тухма (дарозиаш 1—3 см), мағзаш лӯнда ё дарозрӯя, гулобӣ ё гулобии ҷигарранг, май гул, июль — окт. мева мекунад. Чормағзи заминиро дар Тоҷикистон аҳён-аҳён дар заминҳои обӣ мепарваранд. Онро бештар дар ноҳияҳои ҷанубии қисми европоии СССР, Қрим, Кавказ ва Осиёи Миёна мекоранд.

Whole Groundnut  Plants With Nuts Attached

Чормағзи заминӣ растании ғизоист. Мағзаш 45—59% равған ва 20,2—36,3% сафедаи хушҳазм дорад. Мағзи онро хом ё бирён карда истеъмол мекунанд. Кунҷорааш хӯроки серғизои чорвост. Баргу пояи Чормағзи заминӣ серсафеда буда, онҳоро чорво нағз мехурад, аз ҷиҳати серғизоӣ ба хошоки себарга ва юнучқа баробар аст. Чормағзи заминӣ хокро аз моддаҳои нитрогендор бой мегардонад.         М. Расулова.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …