«ЧОРКИТОБ»

«ЧОРКИТОБ» «чаҳоркитоб», китоби дарсии мактабҳои куҳна. Баъди хатми «Қуръон» хондани «Чоркитоб» cap мешуд. «Чоркитоб» аз 4 рисолаи алоҳида мураттаб шудааст. Аввалӣ манзум буда, ба қалами Шараф ном шоири Бухороӣ тааллуқ дорад ва ба истилоҳи онвақтаи мактабиён «Ибтидо мекунам» ном гирифта буд, зеро байти «Ибтидо мекунам ба номи худо, к-аз ду ҳарф офарид арзу само» cap мешавад. «Ибтидо мекунам» с. 1325 дар баҳри хафифи мусаддаси махбуни маҳзуф таълиф шудааст: «Ибтидо мекунам» аз 170 байт ва 10 боб иборат аст ва дар он амалиёти ибтидоии дини ислом ба забони содда ифода ёфтааст. Рисолаи дуюм бо наср таълиф ва бо ибораи «Бидон» cap шудааст. «Бидон» масъалаҳои дини исломро дар бар мегирад ва «Муҳимот-ул-муслимин» ҳам ном гирифтааст. Рисолаи сеюм бо номи «Қоланнабӣ» машҳур аст, ки дар бораи эътиқоди динӣ ва масъалаҳои шаръӣ баҳс мекунад. Рисолаи чорум манзум буда, маснавии Фаридуддини Аттор аст; онро «Ҳамди беҳад» низ мегуфтанд, ки матлааш чунин аст:

Ҳамди беҳад он худои покро.

Он ки ҷон бахшид мушти хокро.

«Ҳамди беҳад» иборат аз панду насиҳати ахлоқӣ ва динист, дар вазни баҳри рамали мусаддаси мақсур 6 маҳзуф навишта шудааст.

Аз рўи ривояте, муаллифи «Салоти масъудӣ» Хоҷа Юсуфи Самарқандӣ мураттиби «Чоркитоб» будааст. Т. Зеҳнӣ.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

books

САФАРНОМА

САФАРНОМА, як ҷузъи адабиёти илмии оммавӣ, илмии фантастикӣ, бадеии психологӣ, саргуааштӣ, ҳуҷҷатӣ, ки сюжеташ ба …