Маълумоти охирин

ЧОРГОҲ

ЧОРГОҲ Чаҳоргоҳ, 1) шӯъбаест аз мақоми «Зангӯла»-и «Дувоздаҳмақом». Аз нағмаи чаҳорум аст ва 2 бонг (октаваи комил) дорад, баъзан ба дуним бонг ҳам мерасад. Аз рӯи таркиботи алҳонию зарбот ба мақоми «Зангӯла» ва овозаи «Салмак» мутааллиқ аст. Гӯшаҳои «Хиҷози Мухолиф» ва «Баёти Курд»-ро дар бар мегирад. Бо зарби (вазни) «Ҳазаҷ» иҷро мешавад. Чоргоҳро дар гузашта аз рӯи хусусияти муассириаш дар маҷласи шуаро ва арбоби фаҳм ҳангоми чошт ва аз рўи табиаташ, ки гарму хушк аст, бештар дар тобистон иҷро мекарданд.

2)гӯшаест дар шӯъбаи «Баётӣ»-и мақоми «Кӯчак»-и «Дувоздаҳмақом».

3)як сил сила суруду оҳангҳои мақоми чоруми («Дугоҳ») «Шашмақом». Чоргоҳ дар мақоми «Дугоҳ» номҳои гуногун дорад. Мас., дар қисми «Мушкилот» (созӣ) чун оҳанги ҷудогона бо номи «Мухаммаси Чоргоҳ», дар шӯъбаи якуми қисми насрӣ (овозӣ) бо номҳои «Талқини Чоргоҳ» ва «Насри Чоргоҳ» маълум аст. Дар ин шӯъба «Талқини Чоргоҳ» бо ду таронааш (бо зарбҳои 3/8, 3/4) меояд.

Баъди сурудани ин ду тарона қисми асосии Чоргоҳ—«Насри Чоргоҳ» cap мешавад. «Насри Чоргоҳ» бо зарби 2/4 иҷро мешавад ва 6 тарона дорад.

«Мухаммаси Чоргоҳ» дар қисми созӣ бо зарби 2/4 иҷро шуда, аз 4 лона ва 4 бозгӯй иборат аст ва ҳар хона 16 тақтеъ (такт) дорад. «Савти Чоргоҳ» дар қисми дуюми шӯъбаи дуюм буда, бо шохаҳои «Талқинҷаи савти Чоргоҳ», «Соқиномаи савти Чоргоҳ» ва «Уфари савти Чоргоҳ» амал дорард.

4) дастгоҳи (мақоми) панҷуми «Ҳафтдастгоҳ»-и Эронӣ, ки хусусияти хушҳолӣ ва муборакбодиро ифода мекунад, дар таркибаш 27 гӯша дорад.

И. Раҳимов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …