Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ЧОПХОНАҲОИ ТОРЕВОЛЮЦИОНИИ ОСИЁИ МИЁНА

ЧОПХОНАҲОИ ТОРЕВОЛЮЦИОНИИ ОСИЁИ МИЁНА

tipografiya

ЧОПХОНАҲОИ ТОРЕВОЛЮЦИОНИИ ОСИЁИ МИЁНА, корхонаҳое, ки китоб мебароварданд. Дар оғози китобчопкунӣ, мас., дар а. 15 асарҳои олими бузурги тоҷик Абӯалӣ ибни Сино ба забони арабӣ ва лотинӣ зиёда. аз 25 маротиба ба табъ расиданд. Китобҳо то нимаи дуюми а. 19 фақат дастӣ рӯйнавис мешуданд. Баъди ба Россия ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна дар ох. солҳои 60-авв. 70 а. 19 ба нашри китоб дар чопхонаҳо имконият фароҳам омад. В. В. Бартольд дар асари худ «Таърихи Туркистон» қайд макунад, ки то омадани русҳо Туркистон (Осиёи Миёна) матбаа ва корхонаи чопи сангӣ надошт. Бипобар ин он вақтҳо китобҳои чопи  сангиро ба Осиёи Миёна аз кишварҳои дигари Шарқи Наздик ва Миёна меоварданд. Китобчопкунии матбаавӣ дар ин кишварҳо дар а. 18— авв. а. 19 ба вуҷуд омад (дар Туркия с. 1728, дар Ҳиндустон 1781, дар Эрон 1825). Дар миёнаи солҳои 70-и асри гузашта дар Осиёи Миёна усули чопии сангии китоб маълум буд. Дар он солҳо ба забонҳои ӯзбекӣ, тоҷикӣ ва арабӣ китобҳои зиёде (аз ҷумла китобҳо оид ба таърихи Осиёи Миёна) ба табъ расиданд.

Чопи сангии китоб минбаъд дар тамоми Осиёи Миёна вусъат ёфт ва то авв. солҳои 20 а. 20 маъмул буд.

Аввалин матбаа дар Тошкент с. 1868 кушода шуд. То с. 1880 аксари китобҳо дар Тошкент ва асосан ба забони русӣ нашр мешуданд. Солҳои 70— авв. 80 китобчопкунӣ (бо ҳуруфи сурбӣ) дар шаҳрҳои дигари Осиёи Миёна ва Қазоқистон — Ашқобод, Самарқанд, Алмаато, Бухоро ва ғ. низ суръат гирифт.

Дар Осиёи Миёна ҷамъ — 72 чопхона, 50 матбаа (ҳуруфӣ), 13 типолитография (чопи ҳуруфӣ ва сангӣ), 8 литография (чопи сангӣ) ва 1 хромолитография (чопи сангии ранга) вуҷуд дошт.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …