Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШОПЕН Фридерик Францишек

ШОПЕН Фридерик Францишек

chopin

ШОПЕН (Chopin) Фридерик Францишек (22. 2. 1810, Желязова-Воля, наздикии Варшава —17. 10.1849, Париж) композитор ва пианинонавози поляк. Аз с. 1831 дар Париж зистааст. Асарҳои романтикӣ ва ватанпарастонаи Ш. (бештар барои фортепиано) мусиқии халқҳои полякро машҳури ҷаҳон сохтанд. Ш. имконияти техникӣ ва бадеии фортепианонавозиро инкишоф дода, рақсҳои халқиро драматизация намуд.

Мазурка, полонез ва валсҳои пурмазмуни ӯ асарҳои мустақили аз ҷиҳати бадеият такмилёфта мебошанд. 2 концерт, сонатаҳо, фантазия, баладаҳо, 4 скреццо, экспромтҳо (бадеҳаҳо), ноктюрнҳо, этюдҳо ва диг. пьесаҳои фортопианӣ намунаҳои асарҳои машҳури Ш.-анд. Дар фортопиананавозии Ш. самимият ва эҳтиросоти амиқ, инчунин мутаносибии такомули техникӣ зуҳур доштанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …