Маълумоти охирин
Главная / Илм / ЧОПИ САНГӢ

ЧОПИ САНГӢ

ЧОПИ САНГӢ, литография, як намуди чопро гӯянд; ҳангоми Чопи сангӣ оттискҳо дар натиҷаи аз қолаби чопи ҳамвор бо фишор ба қoғаз гузаронидани ранг тайёр карда мешававд. Чопи сангӣ тимсоли чопи ҳамвор мебошад.

litografy

Чопи сангиро А. Зенефельдер (Германия) с. 1796 ихтироъ кард; ӯ с. 1806 нахустин устохонаи литографиро дар Мюнхен таъсис намуд. Ин хел устохонаҳо с. 1816 дар Париж ва Петербург, с. 1822 дар Лондон низ таъсис ёфтанд. Дар а. 19 Чопи сангиро барои тасвири суратҳо, тайёр кардани эстампҳои муқаррарӣ ва серранга, тасвирҳои китобӣ, харитаҳои географӣ, этикеткаҳо (тамғаҳо), плакатҳо, эълонҳо ва ғ. истифода мекарданд. Эстампҳоро дар дастгоҳҳои литографии дастӣ ва оттискҳои бисьёртиражаро дар мошинҳои чопи литографии ҳамвор нашр менамуданд. Минбаъд автолитография, хромолитография, фотолитография, олеография, литогравюра ва ғ. ба вуҷуд омаданд.

Дар Осиёи Миёна аввалин устохонаи литографӣ дар Хева (1874) ташкил шуда буд. Солҳои 30 а. 20 Чопи сангӣ бо чопи офсетӣ иваз гардид.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …