Маълумоти охирин
Главная / Биология / ЧОКИ ҚАЙСАР

ЧОКИ ҚАЙСАР

ЧОКИ ҚАЙСАР, як навъи ҷарроҳист, ки зимни он шикаму бачадонро чок карда, кӯдак ва ҳамроҳакро мегиранд. Зани ҳомиларо ҳамон вақт Чоки қайсар мекунанд, ки тифл зинда аст ва модараш онро дар натиҷаи танг будан ё тағйир ёфтани кос, аз ҳадша танг гаштани маҳбал, пеш истодани ҳамроҳак, варами маҳбалу бачадон ва ғ. зоида наметавонад. Ғайр аз ин занро ҳангоми хунравии бисёр, дар вақти мурда будани кудак ё қобили ҳаёт набудапи он низ бо Чоки қайсар аз марг наҷот медиҳанд.

operation

Чоки қайсар аз замонҳои қадим маълум аст. Мас., дар «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ ривояте ҳаст, ки гуё Рудобаи ҳомила дар зодани Рустам ранҷу азоби зиёде дошт. Зол ба ёрӣ Симурғро даъват кард ва у маслиҳат дод, ки Рудобаро маст карда, шикамашро чок кунанд ва баччаро берун оранд.

…Биёмад яке мӯбади чарбдаст,

Map-он моҳрухро ба май кард маст.

Бикофид беранҷ паҳлуи моҳ.

Битобид мар-баччаро capви роҳ.

Чунон бегазандаш бурун оварид,

Ки кас дар ҷаҳон ин шигифтӣ надид…

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …