Маълумоти охирин

ЧОҲ

ЧОҲ, як навъ иншооти гидротехникиест, ки дар шакли шахтаи амудӣ  ё пармачоҳ месозанд. Чоҳ обгир, заҳкаш ва соҳилӣ мешавад. Чоҳҳои обгир, махсусан Чоҳҳое, ки барои ба даст овардани оби нушокӣ месозанд, бештар маъмуланд. Чоҳ аз рӯи сохт, сохтмон, мустаҳкамии девор шахтавӣ ва ғулбавӣ мешавад. Чоҳи шахтавиро барои гирифтани об аз қабатҳои сатҳи бефишори обнигаҳдор месозанд. Онро барои бо об таъмин кардани маҳалҳои хурди аҳолинишин, фермаҳои чорводорӣ, бошишгоҳи саҳроӣ ва чарогоҳ истифода мебаранд. Чоҳҳои шахтавӣ аксар мудаввар ё чоркунҷаанд, қутрашон одатан 0,8—1,5 м, чуқуриашон то 30 —40 м.

choh

Дар Кавкази Шимолӣ Чоҳҳои шахтавии чуқуриашан то 100 м, дар Туркманистон то 300 м мавҷуданд. Об ба Чоҳи шахтавӣ аз обсофкунак ё деворҳои бетонии сӯрохдор мегузарад. Аксари ин Чоҳҳо дар як шабонарӯз аз 5 то 100 м3 об медиҳанд. Барои бисёртар ғун шудани об аз ғулбаҳои обполакдори дарозиашон то 100 м пармачоҳҳо месозанд. Дар хоки пошхӯранда ва реги равон Чоҳи шахтавиро дастӣ мекобанд, деворҳои онро бо чӯб мустаҳкам намуда, рӯи тӯри симинро бо цемент андова мекунанд ё тахтаҳои нафиси оҳанубетонӣ (баландиашон 50 см ва барашон 30—40 см)-ро ба симҳои ғафс (арматура) пайваст карда, байни онҳо ва девор цемент мерезанд.

Дар заминҳое, ки ҳангоми чоҳканӣ фурӯ намераванд (гилрег, гил), Чоҳҳои шахтавии чуқуриашон то 30 м диаметрашон то 1 м-ро бо ёрии мошини чоҳканӣ шахтавӣ канда, бо ҳалқаҳои оҳанубетонӣ (онҳоро бо часпакҳои оҳанин ё мурват) мустаҳкам мекунанд. Дар заминҳои сершах (оҳаксанг, мергель) Чоҳи шахтавиро мустаҳкам намекунанд. Чоҳҳои шахтавии деворашон чӯбинро 40—15 сол ва сангину бетониро беш аз 25 сол истифода мебаранд. Аз Чоҳҳои шахтавӣ обро мошинҳон гуногуни оббарор мебароранд. Чоҳи ғулбавӣ — пармачоҳро барои обгирӣ аз чуқуриҳои гуногуни замин аксар аз қабатҳои фишордору бефишори обнигаҳдор месозанд. Дар oнҳо об аз қабати обнигаҳдор баланд мебароянд ва ҳатто дар натиҷаи фишори табиӣ ба сатҳи замин ҷорӣ мешавад. Чуқурии Чоҳҳои ғулбавӣ ба 800 м морасад, вале дар СССР чуқурии аксари онҳо то 100 м аст. Ин Чоҳҳо дар 1 сон аз 0,5 то беш аз 50 л об медиҳанд. Чоҳҳои ғулбавӣ аз ҷиҳати санитарӣ нисбат ба Чоҳҳои шахтавӣ хеле беҳтаранд, Оби онҳоро маркази таъминоти об истифода мебарад. Аз Чоҳҳои ғулбавӣ обро насосҳои марказгурез, эрлифтҳо ва ғ. мебароранд. Чоҳҳои ғулбавӣ одатан 10—15 сол, баъзан то 30 сол хизмат мекунанд.

Чоҳи заҳкашро барои хушконидани шибарзамин (як намуди заҳбури намуди) истифода мебаранд. Чоҳи обкаш шахтавӣ ва ғулбавӣ мешавад.

Чоҳи соҳили камераест, ки бо панҷараҳо тақсим шудааст, ва об аз дарё ё диг. манбаъҳо тавассути ғулба ба обқабулкунаки он мерезад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …