Маълумоти охирин

Шаҳри ЧОЧ

ЧОЧ, шаҳри қадима дар Осиёи Миёна, ки тақр. 2-ҳазор сол муқаддам ба вуҷуд амадааст. Дар асрҳои 5—8 Чоч, Шош, Шошкент, зикр ёфта, давлати ҳамноми феодалии Чоч буд. Чоч дар роҳи бузурги абрешим ҷойгир шуда, дар муносибатҳои байни Европа,-Ҳинду Хитой мавқеи калон дошт. Чоч дар а. 6 ба ҳайати Хоқонии турк дохил шуд. Дар а. 8 Чочро арабҳо забт карданд. Чоч дар натиҷаи ҷангҳои тӯлонӣ, шӯришҳо ва ҳуҷуми қабилаҳои бодиянишин борҳо вайрон гардид. Чоч дар асрҳои 9— 10 ба давлати Сомониён, аз ох. а. 10 то ибт. а. 13 ба давлати Қарахониён ва Қаракидониён дохил буд. Дар шаҳр ҳунармандӣ — кулолӣ, бофандагӣ, гилембофӣ, чармгарӣ ва ғ. ривоҷ дошт. Минбаъд Чочро Тошкент меномидагӣ шудаанд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …