Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри ЧИТА

Шаҳри ЧИТА

ЧИТА, шаҳр (аз 1851), маркази вил. Читаи РСФСР. Дар андароби д-ҳои Ингода ва Чита воқеъ аст. Ст. р о. Аҳолиаш 331 ҳаз. наф. (1984).

chita-city

Чита маркази калони саноат ва маданияти Сибири Шарқист. Махсусан саноати мошинсозӣ, мебелу чӯбкорӣ, саноати сабук, хӯрокворӣ ва истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ ривоҷ ёфтааст. Ангиштсанг истихроҷ мекунанд. 3 мактаби олӣ ва 2 театр дорад. Чита аз с. 1653 маълум аст. Солҳои 1826—30 дар он ҷо декабристонро дар ҳабс нигоҳ доштаанд; 1920—22 пойтахти Республикаи Шарқи Дур. Чита бо ордени Революцияи Октябрь мукофотонида шудааст (1972).

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …