Маълумоти охирин
Главная / Илм / ЧИСТОН

ЧИСТОН

ЧИСТОН, яке аз жанрҳои эҷодиёти даҳанакии халқ аст, ки ба шакли савол сохта шуда, дар он лавҳаҳои ҳаёт, хусусияту сифатҳои ашё ва ҳодисаҳои зиндагӣ қиёсан васф мешавад. Чистон дар қадим ба расму оинҳое, ки гуфтани номи аслии ашё ва ҳодисаҳоро манъ мекарданд (табу), вобаста буд. Баъдтар аҳамияти иҷтимоӣ пайдо кард. Шаклҳои гуногуни он дар адабиёти пешазисломӣ, адабиёти классикии форс-тоҷик ва беш аз ҳама, дар эҷодиёти даҳанакии халқ вомехуранд. Чистон соҳаҳои гуногуни ҳаётро дар бар гирифта, барои омӯзишу тадқиқи ҳаёти иҷтимоӣ, ҷараёни инкишофи афкори маънавӣ ва такомули ҷаҳонбинӣ аҳамият дорад. Чистон инчунин воситаи санҷиши табъу завқ ва ақлу заковати одамон мебошад. Он аз шуғлҳои дӯстдоштаи кӯдакону наврасон аст. Чистон дар назму наср гуфта шуда, бо гуногунии шаклу мавзӯъ, мантиқи сухан, санъатҳои бадеӣ — истиора, ташбеҳ, тавсиф, киноя, ташхис, қофияву радиф ва вазну саҷъ ҷолиби диққат мебошад.

Чистон бо луғз ва андаке бо муаммо, ки дар адабиёти хаттӣ маъмуланд, қаробат дорад.

Ад.: Маъсумӣ Н., Фольклори тоҷик, Д., 1952; Амонов Р., Очерки эҷодиёти даҳанакии Кӯлоб, Д., 1963; Сӯфиева А., Чистонҳои халқии тоҷикӣ, Д., 1972. А. Сӯфиев.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …