Маълумоти охирин
Главная / Илм / ЧИШТИЯ

ЧИШТИЯ

ЧИШТИЯ, як силсилаи тасаввуфро гӯянд, ки муассисаш Муинуддини Чиштӣ (а. 12) мебошад. Насабаш ба имоми ҳафтуми шиаҳои исноашарӣ Мусои Козим рафта мерасад. Дар ҷавонӣ ба тасаввуф гароида, ба Самарқанду Бухоро сафар кардааст. Баъд дар Бағдод тақр. 20 сол хидмати яке аз суфиёни машҳур Хоҷа Усмони Ҳоруниро анҷом дода, аз ӯ хирқаи иродат пӯшидааст ва дар Ҳиндустон мактаби худро кушодааст.

Мувофиқи таълимоти Чиштия чун худо тамоми одамонро як хел офаридааст, онҳо бояд баробар зиндагӣ кунанд. Аз ин рӯ, ба доди дардмандон расидан, ҳоҷати бечорагонро баровардан ва гуруснагонро сер кардан беҳтарин рафтори инсон ба шумор меравад. Ба ақидаи чиштиён, худо шахсеро дўст медорад, ки саховаташ мисли саховати дарьё, шафоқаташ мисли шафоқати офтоб ва тавозӯаш мисли тавозуи замин бошад. Пайравони ин силсила зикрро зинаи асосии аҳволи сӯфӣ меҳисобанд.

Чун таълимоти Чиштия баробарӣ ва фақрро тарғиб мекард, бештари заҳматкашону бенавоён ба ин силсила Гароида буданд. А. Муҳаммадхоҷаев.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …