Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / Сулолаи ЧИНГИЗИЁН

Сулолаи ЧИНГИЗИЁН

chingiziyon

ЧИНГИЗИЁН, сулолаи хонҳои муғул, ки ибт. а. 13 дар Муғулистон ба сари ҳокимият омада, баъди забти Хитой, Осиёи Миёна, Россия ва ғ. (ниг. Истилои муғул) Империяи феодалии муғулро ташкил дод. Асосгузораш Чингизхон буд. У пеш аз вафоташ мулкҳои империяро дар байни писаронаш Ҷуҷӣ, Чағатой, Уқтой ва Тулуй тақсим кард. Аксарияти мулкҳои аз д. Иртиш то шим. Хоразм ба ихтиёри Ҷуҷӣ гузашт. Баъди вафоти у писараш Вотухон соҳиби ин мулкҳо гардида, дар ҳудуди Россияи Ҷанубӣ ба Ўрдаи Кабуд (минбаъд Олтинурда) асос гуаошт. Чағатой ихтиёрдори мулкҳои тарафи ҷанубии д. Аму шуд. Тулуй соҳиби қисми марказии империя — Муғулистон гардид. Писарояи Тулуй Мункэ ва Хубилай низ минбаъд хони кабир эълон карда шуданд. Дар натиҷаи ба вуҷуд омадони ихтилофот дар хонадони Чингизиён с. 1260 Империяи феодалии муғул ба давлатҳои алоҳида (дар Хитой, Эрон, Осиёи Миёна ва Россия) ҷудо шуд.

Н. Шамсов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …