Маълумоти охирин
Главная / Биология / ЧИЛМАНГУШТАК

ЧИЛМАНГУШТАК

ЧИЛМАНГУШТАК (Troglodytes troglodytes), ҷинқарча, вақмак, тиск, як навъ паррандаи хурди гунҷишкшаклест аз оилаи (Ttorglodytae). Ҷои зисташ ҷангалҳои сӯзанбарг ва паҳнбарг. Дар кӯҳҳои Осиёи Миёна (дар ҷойҳои сершах, санглох ва буттазор) зиндагӣ мекунад. Лонааш курашакл буда, аз паҳлу даромад дорад. Чилмангуштакҳо 6—7 тухми сафед (холҳои сурхча дорад) мегузоранд. Баъди 14—15 шабонарӯз чӯҷа мебарояд. Ғизояш тортанак, ҳашароти хурд, баъзан тухму меваи растаниҳост. Чилмангуштакро қариб дар ҳама ноҳияҳои Тоҷикистон дидан мумкин аст.

chilmangushtak

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …