Маълумоти охирин
Главная / Биология / ЧИЛБАНД

ЧИЛБАНД

ЧИЛБАНД, чилбуғум, бандак, буғумалаф, буғумак, буғумбандак, думи асп, аспдумак, шутурдум (Equisctum arvense), гиёҳм бисёрсолаи спорадорест аз оилаи чилбандиҳо. То чуқурии 150 см реша меронад. Пояаш ду навъ — спорадор (самаровар) ва нашвӣ (бесамар) мешавад. Пояи спорадори Чилбанд сурхтоб, бӯр ё зардтоб ва сероб буда, то 60 см қад мекашад. Пояи спорадор баъди рехтани спораҳо зуд хушк мешавад. Минбаъд аз решапояи Чилбанд пояҳои нашвии сабзу сершох (қади онҳо то 50 см) мерӯянд. Пояи Чилбанд 6—12 банд дорад. Барги пояҳо ба пулакча (дар ҳар банд 6—12-то) табдил ёфтааст.

chilband

Чилбанд дар ҳама ноҳияҳои Тоҷикистон (ғайр аз Помири Шарқӣ) нумӯ меёбад Одатан дар ҷойҳои сернам (лаби ҷӯй, соҳили дарё, марғзор ва ғ.) мерӯяд.

Чилбанд гиёҳи доруии хеле қадимист. Дар тибби Юнони Қадим онро давои сил ва касалиҳои пӯст меҳисобиданд. Чилбандро мардуми тоҷик низ аз қадим барои табобати касалиҳои гуногун истифода мебаранд. Ба қавли табибон «чойи чилбуғум» беморро аз исҳоли хунин (дизентерия), захми меъда, хунпартоӣ, илтиҳоби шуш ва ғ. раҳоӣ медиҳад. Инчунин доруи арақу пешоброн мебошад. Дар ҷушоби шохчаҳои сабзи Чилбанд кӯдаконеро, ки ба касалиҳои пӯст гирифторанд, оббозӣ медоранд. Абӯалии Сино бо Чилбанд беморонро аз захму ҷароҳат, обхӯра, хунравӣ, исҳоли хунин, омоси ҷигар ва ғ. раҳоӣ медод. Появу шохчаи сабзи Чилбанд (Herba equiseti) ашьёи хоми саноати тиббист. Онро моҳҳои июнь — авг. меғундоранд (дарозии появу шохчаҳои сабз то 30 см). Хусусияти давоии Чилбанди хушк то 4 сол барҳам намехўрад.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …