ЧИГИТ

ЧИГИТ, пунбадона, пундона, тухмиест, ки аз он ниҳоли пахта мерӯяд. Чигит байза ё мурудшакли сиёҳтоб, ҷигарранг буда дарозиаш 6—15 мм, диаметраш 5—8 мм (вазни 1000 донааш 70—150 г). Чигит аз пӯст ва ҷанин иборат аст. Пусти Чигит ҷанинро аз осеббинӣ, намӣ ва паразитҳои гуногун эмин медорад. Пусти хушки Чигит 40—45% целлюлоза, 28— 30% пентозанҳо, 20—25% лигнин, қариб 3% сафеда ва 5—7% моддаҳои дигар дорад. Дар ҷанини Чигит 32— 48% сафеда, 34—48% равған, 12— 15% ангиштоб ва ғ. мавҷуданд. Аз 100 кг Ч. 19 кг равған (ниг. Равғани пахта) ва 47—49 кг кунҷора мегиранд. Кунҷораи Чигит хуроки серғизои чорво буда, то 40% сафеда дорад. Аз пусти Чигит фурфурол, спиртҳои этилу метил, ҷавҳари лимў ва қоғаз истеҳсол мекунанд.

М. Ҷумъаев.

paxta

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАҲО

САФЕДАҲО, протеинҳо, моддаҳои органикии калонмолекулаи табииеро гӯинд, ки аз аминокислотаҳо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …