Маълумоти охирин

ЧИГИНА

ЧИГИНА, чағана, чиғна, 1) олати қадимии деҳқонист, ки аоосан барои кашонидани бандҳои алаф ва ғаллаи даравшуда ба кор мебурданд, Чигина аз қӯчқорак (ду чӯби ғафси диаметрашон 10—12 см), болиштак (ду ғӯлачаи дарозиашон 1,5 см ва ғафсиашон 7—8 см), бинияки кӯчқорак (қисми пеши қўчқорак, ки ба самти боло хамидааст, 34—36 см), равчӯб ё равак (ду ходаи борики дарозиашон 2,5—3 м), пастравчӯби, чуби биникаш (чўби устуворӣ), почи хаш ё потанг иборат буд. Чигинаро бо кашак ба юғ ҳамроҳ мекарданд. Ба юғ ду барзаговро мебастанд ва Шахсе аз байн истода онҳоро бо говрона меронд, ки уро чигинакаш меномиданд.           М.Раҳимов

chigina

2). Як навъ олати х. қ. барои пеш аз кишти баҳорн нарм кардани замин. Барои коркарди замин Чигинаки брусиро, ки аз се чўби чортарош (бо занҷир ба ҳам мепайвастанд) иборат аст. Чигинаки дандонадор чўбҳои чортарош бо занҷирҳо пайваст буда, чўби чортароши пеш дандонаҳои кӯтоҳи оҳанӣ дорад; ниг. расми 2), шлейфчигина ё шлейфсихмоларо (ниг, низ Сихмола) истифода мекунанд.

Чигинак ҷойҳои пасту баланди заминро ҳамвор, кулӯхҳоро майда ва хокро нарм мекунад ва намиро нигоҳ медорад. Бандҳои хасбедаро чигинахаскашак мекашонад; иқтидори борбардориаш то 3000 кг.

Барои кашондани бандҳои алаф Чигинаки тросдор ё рамадорро ба кор мебаранд. Троси чунин Чигинакҳоро ба ду трактор мебанданд. Ҳангоми кор тракторро аз паҳлўи қатори бандҳои хасбеда меронанд. Онҳо 10—15 банди хасбедаро гирифта, ба ҷои ғарам мебаранд.

Ад.: Раҳимов М. Р., Земледелие таджиков бассейнар. Хингоу в дореволюционный период (историко-этнографический очерк), Тр. АН Таджикской ССР, т. 43, Сталинабад, 1057; ҳамон муалл Сельское хозяйство, дар кит.: Таджики Каратегина и Дарваза, в. 1, Д., 1966.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …