Маълумоти охирин
Главная / Биология / ЧИЧИРКАНАК

ЧИЧИРКАНАК

ЧИЧИРКАНАК, сафедхор, хори сафед (Nitraria schoberi), буттаест аз оилаи ласфиҳо. Дар шароити табии Помиру Олой аз 13 см то 1м қад мекашад. Баргаш белчашакл ё нештаршакл. Гулаш сафед ё зарди сабзтоб, 5-барга. Мевааш гирда ё байзашакли донакдор, норинҷии сурхтоб, баъди пухтан сиёҳтоб мешавад. Моҳҳои июнь — авг. гулу мева мекунад. Айёми гулшукуфти як бех Чичирканак 17—25 рӯз давом меёбад. Аз ҳар бехи Чичирканаки худрӯй то 300 г (аз боғиаш то 3 кг) мева меғундоранд.

chichirkanak

Чичерин дар минтақаи биёбони шибоғу шӯразор, даштҳои баландкӯҳ, шӯразамин ва ғ. (Помири Ғарбӣ, Помири Шарқӣ ва воҳаи д. Сир; 600—4200 м аз с. б.) мерўяд. Дар шароити табиӣ аз тухм зиёд мешавад. Тухмаш авв. моҳи апр. месабзад. Ниҳоли Чичирканак дар давоми 3—4 сол 40—50 см қад мекашад.

Чичирканак буттаи пурқимат (алалхусус барои пешгирии эрозияи хок) аст. Мевааш хӯрданист (то 293 мг% витамин С) дорад. Дар заводҳои Бухоро ва Тошкент аз меваи Чичирканак мураббо ва шириниҳои сервитамин тайёр мекунанд.         М. Ҳоҷиматов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …