Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ЧИЧЕРИН Георгий Васильевич

ЧИЧЕРИН Георгий Васильевич

chicherin-g

ЧИЧЕРИН Георгий Васильевич (24. 11. 1872, деҳаи Караули уезди Кирсанов, губ. Тамбов—7. 7. 1936, Москва), ходими давлатии советӣ, дипломат. Аъзои РСДРП аз с. 1905 ва Партияи коммунистӣ аз с. 1918. Солҳои 1904 — 18 дар муҳоҷират буд. С. 1917 яке аз ташкилотчиёни ба Россия баргаштани мухоҷирони сиёсӣ, 1918—30 комиссари халқии корҳои хориҷии РСФСР, СССР. Ба шартномаи сулҳи Брест (1918) имзо гузошт; роҳбари вакилони советӣ дар конференцияҳои Генуя (1922), Лозанна (1922— 23). Принципҳои ленинии сиёсати берунаи ҳамзистии осоиштаро ба амал баровард. Аъзои КМ партия (1925—30), КИМУ ва КИМ-и СССР буд. Чичерин муаллифи як қатор асарҳо оид ба таърихи ҳаракати революционӣ, муносибатҳои байналхалқӣ, маданият ва ғ. мебошад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …