Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / «ЧӢ БОЯД КАРД?» – асари В.И. Ленин

«ЧӢ БОЯД КАРД?» – асари В.И. Ленин

«ЧӢ БОЯД КАРД?» Масъалаҳои рӯзмарраи ҳаракати мо», асари В. И. Ленин, ки дар он идеяи ташкил намудани партияи пролетарии нав ҳаматарафа асоснок шудааст. В. И. Ленин дар ин китобаш «иқтисодчигӣ»-ро ҳамчун як навъи оппортуннизми байналхалқӣ— бернштейнчигӣ аз ҷиҳати ғоявӣ тору мор кард. Асар тирамоҳи 1901— февр. 1902 навишта ва марти 1902 дар Штутгарт чоп шудааст.

В. И. Ленин дар боби 1-уми китоб равияи революционӣ — марксистиро дар ҳаракати коргарӣ ҳимоя намуда, нишон дод, ки бернштейпчиён дар зери ниқоби шиори «озодии танқид» нуқтаҳои асосии марксизмро ревизия мекунанд: ғояи революцияи пролетарӣ ва диктатураи пролетариатро рад ва «ҳамкории синфҳо»-ро таргиб менамоянд.

Дар боби 2-юм масъалаи таносуби стихиявӣ ва шуурнокиро дар ҳаракати коргарӣ ҳал кардааст.

Дар боби 3-юм масъалаи таносуби иқтисодиёт ва сиёсат, шаклҳои иқтисодӣ ва сиёсии муборизаи синфии пролетариат равшан карда мешавад.

В. И. Ленин дар бобҳои 4 ва 5-ум плани ташкил намудани партияи марксистиро асоснок кард. У чунин мешумурд, ки барпо намудани партия бояд аз ташкил кардани газетаи сиёсии умумирусӣ cap шавад. Чунин газета «Искра»-и ленинӣ гардид.

В. И. Ленин дар «Хотима»-и асари худ ба саволи «чӣ бояд кард?» чунин ҷавоб дод: харҷу марҷи ташкилӣ ва калавишҳои ғоявӣ дар сафҳои социалдемократияи рус бартараф карда шуда, Ташкилоти ҷанговари революционерон барпо карда шавад. Идеяҳои ин асар асоси ғоявии КПСС, тамоми партияҳои коммунистӣ, марксистӣ-лениниро ташкил медиҳанд. Ин асар бори аввал с. 1940 ба забони тоҷикӣ нашр шуд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …