Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Вилояти ЧЕРНОВЦЫ

Вилояти ЧЕРНОВЦЫ

chernovci-province

ЧЕРНОВЦЫ, вилоятест дар ҳайати РССУ. 7 авг. 1940 ташкил шудааст. Масоҳ. 8,1 ҳаз. км3. Аҳолиаш 909 ҳаз. наф. (1984), аҳолии шаҳрӣ 40%. 10 район, 10 шаҳр ва 9 птш дорад. Марказаш ш. Черновцы. Вилоят дар ҳудуди Карпати Шимолӣ (баландиаш то 1565 м) ҷойгир аст. Қариб 30% сатҳашро бешазори омехта ишғол мекунад. Ҳарор. миёнаи янв. аз —5°С дар ҳамворӣ то —10С дар кўҳҳо; июль мутаносибан 19 ва 12С. Боришоти солона аз 500—850 мм дар ҳамвориҳо то 700—1000 мм дар кўҳҳо. Соҳаҳои саноаташ: хурокворӣ (қанд, гушт, равғану панир, консервҳои меваю сабзавот ва ғ.), сабук (корхонаҳои бофандагӣ, трикотаж, дузандагӣ, чарму пойафзол), саноати ҷангал, чўбгарӣ, мошинсозӣ (таҷҳизоти кони нефт, воситаҳои техникаи ҳисоббарорӣ, асбобу анҷоми саноати химия, сабук ва х. қ.), химия ва саноати истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ. Ҳунарҳои бадеӣ тараққӣ карда аст. Гандум, ҷуворимакка, ҷав, лаблабуи қанд, зағир, офтобпараст, соя, тамоку, картошка, сабзавот кишт мекунанд. Боғдорӣ ривоҷ ёфтааст. Гов, хук, гӯсфанд мепарваранд. Бо парвариши парранда, занбӯри асал низ машғуланд. Вилоят бо ордени Ленин мукофотонида шудааст (1958).

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …