Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Вилояти ЧЕРНИГОВ

Вилояти ЧЕРНИГОВ

chernigov-province

ЧЕРНИГОВ, вилоятест дар ҳайати РССУ. 15 окт. 1932 ташкил шудааст. Масоҳ. 31,9 ҳаз. км2. Аҳолиаш 1447 ҳаз. наф. (1964), аҳолии шаҳри 49%. Вилоят 22 район, 15 шаҳр ва 31 птш дорад. Марказаш ш. Чернигов. Дар ҳавзаи д. Десна ҷойгир аст. Сатҳаш ҳамвор. Ҳарор. миёнаи янв. аз —6 то —7С, июль 19—20С. Боришоти солона 500—600 мм. Дарёҳои асосиаш: Днепр, Десна. Корхонаҳои саноати хурокворӣ (заводҳои қанд, равғанкашӣ, комб. гушт), сабук, химия, мошинсозӣ (мошинҳои х. қ., химия, асбобу анҷом барои саноати хурокворӣ), саноати ҷангал, коркарди нефт, истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ, асбобҳои мусиқӣ ва ғ. мавҷуданд. Гандум, сулӣ, ҷуворимакка, лаблабуи қанд, зағир, тамоку, картошка ва сабзавот мекоранд. Боғдорӣ ривоҷ ёфтааст. Чорвои гӯшту ширдеҳ ва парранда мепарваранд. Дарьёҳои Днепр ва Десна киштигарданд. Вилоят бо ордени Ленин мукофотонида шудааст (1967).

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …