Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри ЧЕРНИГОВ

Шаҳри ЧЕРНИГОВ

ЧЕРНИГОВ, шаҳрест дар РССУ, маркази вил. Чернигов. Узели р. о., бандар дар д. Десна. Аҳолиаш 270 ҳаз. наф. (1964). Дар Чернигов корхонаҳои саноати сабук, хурокворӣ, химия ва чӯбгарӣ, инчунин фабрикаи асбобҳои мусиқӣ мавҷуданд. Ин-ти педагогӣ, театр дорад. Чернигов аз а. 9 маълум аст. Дар ҳайати Литва, Польша буд, с. 1654 тамоман ба Россия баргардонида шуд. Дар Чернигов ёдгориҳои меъмории Руси Киев — калисоҳои ҷомеаи Спасо-Преображенский (а. 11), Борисоглебский (а. 12), Калисои Пятницкий (ох. а. 12— авв. а. 13), хонаи Лизогуб (1690), ансамблҳои Елецкий (а.17) ва Троицкий (асрҳои 17—18) боқӣ мондаанд.

chernigov-city

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …