Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ЧЕЛОМЕЙ Владимир Николаевич

ЧЕЛОМЕЙ Владимир Николаевич

chemoley-v

ЧЕЛОМЕЙ Владимир Николаевич (30. 6. 1914, Седлец —в. 12. 1984, Москва), олими советӣ дар соҳаи механика, акад. АФ СССР (1962; аъзо-корр. 1968), ду карат Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ (1959, 1963). Аъзои КПСС аз с. 1941. Сарконструктор (аз с. 1944) ва конструктори генералии техникаи авиационӣ (аз с. 1959). Бо роҳбарии Челомей як қатор объектҳои муҳимтарини ракетӣ, кайҳонӣ ва авиационӣ (РМЗ-и навъи «Протон», «Полёт», ст-ҳои мадории «Салют») сохта шуданд. Доир ба назарияи лаппишҳо, устувории системаҳои чандир, динамикаи мошину механизмҳо ва ғ. асарҳои илмӣ таълиф намудааст. Депутати Совети Олии СССР (аз с. 1974). Лауреати Мукофоти ленинӣ (1959). Мукофоти. давлатии СССР (1967, 1974).

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …