ЧЕЛОН

ЧЕЛОН, 1) чилон, ҷелон, чилуно, чойлон, чилонҷигда, санҷиди челонӣ, унноб, дарахти унноб, табархун, зизуфа, ғубайрои чин чин (Zi-zyphus juluba), бутта ё дарахтест, аз оилаи Rhamnaceae. Мевааш санҷидмонанд аст, аз ин рӯ санҷиди гургонӣ ё челонҷигда низ мегӯянд.

chelon

Рӯдакӣ гуфтааст:

Санҷиду челон бад-ӯ нима шуда,

 (Нуқтаи) сурма бад-ӯ як-як зада.

Челон дар шароити Помиру Олой аз 3 то 15 м қад мекашад. Дар банди шох навдаҳои он як ҷуфтӣ хори тез (дарозиаш то 3 см) ҳаст. Пӯстлохи танаву шохи ғафсаш дорчинии сурхтоб аст. Баргаш чармгуни ҷилодор, байзашакли дарозрўя ё нештаршакл. Гулаш майда, ситорашакл, зарди сабзтоб, хӯшагулаш 5—20-гула. Май — июл мешукуфад. Мевааш байзашакл, мудаввар ё зуғӯтшакл, тару тозаи ҷилодор, сурх ё бури сурхтоб (донакаш 1—2-тухма).  Аз ин рӯ меваи Челонро унноб мегӯянд. Фахруддини Гургонӣ фармудааст:

Парешон шохҳо аз нуқраи ноб.

Валекин шохҳоро мева унноб.

Меваи Челони худрӯй моҳи окт. мепазад. Дарахти Челон серҳосил аст ва дар сол мева мекунад.

Дар республикаи мо Челони худрӯй асосан дар минтақаи ҷангалзори гармсери қ-кӯҳи Ҳисору Дарвоз, Зарафшон ва мавзеъҳои Тоҷикистони Ҷанубӣ (650—1800 м аз с. б.) нумӯ меёбад. Қитъаҳои ҷудогонаи челонзор дар ҳавзаи дарёҳои Варзоб, Хонақоҳ. Тупаланг (нишебиҳои ҷан. қ-кӯҳи Ҳисор), Кофарниҳон (чан. қ-кӯҳи Қаротегин), қ-кӯҳҳои Рангон. Сарсарак ва Дарвоз ҷойгиранд. Челон одатан ҳамроҳи талхакбодом, туғ, заранг ва ғ. месабзад.

Дар шароити табиии Помиру Олой Челон аз тухм ва бо роҳи нашви (аз бехҷасти реша) зиёд мешавад. Ниҳолаш суст месабзад. Челони 1-сола 10 —15 см, 2-сола 25—30 см, 4-сола 1 м, 10-сола 2 м ва 20-сола то 3 м қад мекашад. Челони кишта (Боғи ботаникаи АФ РСС Тоҷикистон) тезтар месабзад; қади ниҳоли Челони 1-сола то 40 см ва 2-сола то 80 см мерасад. Соли 3-юм ҳосили фаровон медиҳад. Дар шароити табиӣ Челон то 100 сол умр мебинад.

Челонро аз қадим (2 ҳаз. сол то м.) мепарвариданд. Беш аз 400 навъи Челон маълум аст. Аз 1 бех то 60 кг (аа 1 га чилонзор 150—200 ц) ҳосил меғундоранд. Дар мамлакати мо дар натиҷаи бо навъи Челони хитоӣ дурага намудани Челони маҳаллӣ (Тоҷикистон, Узбекистон ва Озарбойҷон) навъҳои нав («Озарбойҷонӣ 22», «Тоҷикӣ 24», «Ширвонӣ», «Апшервонӣ» ва ғ.) рӯёнидаанд, ки ба шароити маҳал хуб мутобиқанд.

Челон хуштаъм ва ширин аст. Онро тару тоза ё хушконда истеъмол мекунанд. Аз он мураббо, челоноба, маринад, пастила ва ғ. тайёр менамоянд. Дар қаннодӣ низ истифода мешавад.

Челон растании доруии қадимист. Хусусиятҳои гуногуни Челон дар асарҳои Дисқуридус (Диоскорид, а. 1 м.), Ҷолинус (Гален), Закариёи Розӣ, Абурайҳони Берунӣ, Абӯалии Сино ва диг. қайд шудааст. Мас., Сино гуфтааст, ки Челон ғалаёни хунро таскин медиҳад.

Табибони халқӣ асосан нақеъ (настой) ва ҷушобаи Челонро барои табобати заъфи гурда, ҷигар ва узвҳои ҳозима, инчунин зиққи нафас, илтиҳоби пешобдон ва барои рондани санги гурда тавсия медиҳанд. Бино ба маълумоти духтури қримӣ О. Я. Кравченко шахсоне, ки дар рӯз 3 маротиба баъди тановули хӯрок 20-тоӣ Челон (дар муддати 3 моҳ) хурдаанд, дарди сару дилашон барҳам хӯрда, миқдори холестерини хунашон кам шуда, ғалаёни хунашон ба эътидол омадааст.

Пӯстлохи Челонро барои даббоғӣ ва рангубори пуст истифода мебаранд. Буттаи базеби ороишист. Гулаш сершаҳд. Нишебиҳои кӯҳро аз обшуй шудан нигоҳ медорад.

Меваи Челон сервитамин ва серғизост. Челони хушк то 40% ангиштоб, беш аз 5% протеин, зиёда аз 1,5% ҷавҳари себ, то 5,8% моддаҳои пектинӣ, зиёда аз 2% зифт, 1,2% моддаҳои даббоғӣ, то 1100% мг витамини С, то 100 мг% витамини Р ва ғ. дорад.

Ад.: Ҳикмати асрҳо, Д.. 1975; Скляревский Л. Я., Целебные свойства пищевых растений. М., 1972; Флора Таджикской ССР, Л., 1981. М. Ҳоҷиматов.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАҲО

САФЕДАҲО, протеинҳо, моддаҳои органикии калонмолекулаи табииеро гӯинд, ки аз аминокислотаҳо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …