Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ЧЕХОВ Антон Павлович

ЧЕХОВ Антон Павлович

chekhov-a

ЧЕХОВ Антон Павлович (29. 1. 1860, Таганрог—15. 7. 1904, Баденвейлери Германия, дар Москва мадфун аст), нависансаи рус. Аз оилаи  савдогар. Гимназияи Таганрог (1879) ва фак-ти тиббии Ун-ти Москваро хатм кардааст (1884). Чехов аз ох. с-ҳои 70 ба кори эҷодӣ пардохта, бо имзо Антоша Чехонте бо журналҳои гуногуни ҳаҷвӣ хамкорӣ кар-дааст. Нахустин китоби ҳикоёти Чехов «Афсонаҳои Мельпомена» (1884) буда, сипас маҷм-ҳои зерини ӯ ба табъ расидаанд: «Ҳикояҳои алочипорах» (1886), «Вақти говгум» (1887), «Ҳикояҳо» (1888), «Одамони бадқавоқ» (1890). С. 1890 Чехов ба ҷаз.  Сахалин сафар карда, бо хаёти мардуми музофот шинос шуд. Очеркҳои «Ҷазираи Сахалин» (1893—94). ҳикояҳои «Дар бадарға» (1892), «Қатл» (1895) ва повести машҳури ӯ «Палатаи шашум» (1892) дар натиҷаи ҳамин сафар ба миён омадаанд.

Чехов аз нимаи дуюми с-ҳои 80 ба драматургия рӯ оварда, пьесаҳои «Иванов» (1887—89), «Туй» (1880), «Ғул», (1889; баъдтар «Ваня-тағо» ном гирифт), водевилҳои «Хирс» (1888), «Ҷашн» (1891) ва ғ-ро навишт. Ў баъди сафари хориҷа (1890 —1900) ба табобати деҳқонон ва барӯихатгирии аҳолӣ машғул шуда, таҷрибаи фаровони ҳаётӣ ба даст овард. С. 1893 дар эҷодиёти ў давраи нав оғоз ёфт. Дар ҳикоя ва повесту драмаҳое, ки ӯ дар тӯли 10 сол навишт, сюжетҳои ҳаётӣ бештар мавқеъ пайдо карда, масъалаҳои гуногуни зиндагӣ мавриди тасвир қарор гирифтанд (ҳикояҳои «Студент», «Ҳикояти боғбони калон», ҳар ду 1894). Ҳақиқатнигории Чехов дар пьесаи «Моҳихўрак» (1896), повести «Мужикхо» (1897), асари сегонаи «Одам дар ғилоф», «Дар бораи ишқ» (1898), ҳикояи «Арӯс» (1903) басо барҷаста зуҳур ёфтааст. Дар ин давра дар эҷодиёти Чехов драматургия хеле вусъат ёфт. Пьесаҳои «Се хоҳарон» (1900— 01), «Олуболузор» (1903—04) ва ғ. аз ҳамон солҳо дар Театри бадеии Москва таҳия шуда, баъдан нуфузу эътибори умумироссиягӣ ва байналхалқӣ пайдо карданд. Чехов баъди ба Ялта омада (1898), бо Л. Толстой, М. Горький, И. Бунин, А. Куприн ва диг. вохӯрдан, ба масъалаҳои иҷтимоӣ зиёдтар диққат медодагӣ шуд. Чеховро академики фахрии Академиям Россия интихоб карданд, вале ӯ бо аломати эътироз ба ҳукумати подшоҳӣ аз ин унвон даст кашид. Дар эҷодиёти бадеӣ ва публицистии Чехов муҳимтарин марҳилаи ҳаёти халқи рус, аз с. 1861 то рев. 1905 инъикос ёфтааст. Муборизаи зидди реакция, масъалаи одаму мансаб, қиёси тарҳи зоҳирии зиндагӣ ва асрори паси пардагии аёну ноаёни он дар ҳикояҳои ҳаҷвию маишӣ ва психологии нависанда бурдборона тадқиқ шудаанд (ҳикояҳои «Ғафс ва борик», «Марги чиновник», ҳар ду 1883), «Бӯқаламун», «Ниқоб», «Унтер Пришибеев», «Барҳам доданд» (1885 ва ғ.). Чехов дар повестҳои «Хонаи ғурфадор» (1896), «зане бо сагча» (1899), «Дар ҷарӣ» (1900) ва аксар пьесаҳояш фисқу фуҷури ҷамъияти буржуазӣ, ҷудоии зиёиёни замону халқро ошкор сохтааст. Чехов дар мактаби адабии нависандагони классики адабиёти рус тарбия ёфта, дар ташаккули наср ва драматургияи рус ҳиссаи сазовор гузошт: Инчунин хиссаи вай дар инкишофи минбаъдаи адабиёти рус ва адабиёти халқҳои СССР калон аст. Дар эҷодиёти нависандагони тоҷик Ҳаким Карим, Раҳим Ҷалил, Ҷ. Икромӣ, А. Деҳотӣ, П. Толис ва диг. таъсири эҷодии Чехов равшан ҳис мешавад. Аксари ҳикоя, повесть ва драмаҳои Чехов ба забони тоҷикӣ тарҷума шудаанд. Драмахои Чехов дар саҳнаи театрҳои тоҷик намоиш дода мешаванд, аз рӯи ҳикоёти ӯ инсценировка барои радио ва намоишномаҳои телевизионӣ таҳия гардидаанд. Ҳ.Шодиқулов

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …