Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ЧЕКАНКА

ЧЕКАНКА

ЧЕКАНКА, бурида партофтани нуги навда ё навдаҳои болоии рдстаниҳои х. қ.-ро гӯянд; усули агротехникист, ки ба сабзиши мева ва тезтар пухтани ҳосил мусоидат мекунад. Баъди Чеканка инкишофи навдаҳо қатъ гашта, ба ғӯракҳои ташаккулёбанда моддаҳои ғизоӣ бештар дохил мешаванд. Пахта, ток ва зироати диг.-ро Чеканка мекунанд.

obrezka

Чеканкаи пахта расиши нах ва шукуфтани кӯракро метезонад, пояи растаниро мустаҳкам мекунад. Чеканкаро вақте мегузаронанд, ки ниҳоли пахта 14—16 навдаи пурбор дошта бошад. Пояи асосиро 4—6 см, навдаҳои паҳлӯиро 2—3 см мебуранд. Ниҳоли пахтаро бо олати 4ВХ-4, ки ба культиватор (якбора байни қаторҳоро нарм мекунад ё ҷуяк мекашад) васл шудааст, Чеканка мекунанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …