Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Ҷумҳурии Автономии Советии Социалистии Чечену Ингуш

Ҷумҳурии Автономии Советии Социалистии Чечену Ингуш

ЧЕЧЕНУ ИНГУШ, Республикаи Автономии Советии Социалистии Чечену Ингуш (Чечену Ингушетия, РАСС Чечену Ингуш), дар ҳайати РСФСР. Масоҳ. 19,3 ҳаз. км. Аҳолиаш 1225 ҳаз. наф. (1966), аҳолии шаҳрӣ 44%; чеченҳо (611,4 ҳаз. наф., 1979), ингушҳо (134,7 ҳаз. наф.), русҳо ва ғ. 14 район, 5 шаҳр ва 4 птш дорад. Марказаш ш. Грозный. Қисми шимоли республика аз ҳамвориҳо, қисми ҷанубаш аз доманакӯҳҳо ва нишебии кӯҳҳои Кавкази Калов иборат аст. Ҳарор. миёнаи янв. аз —3 то —5С, июль 21 —25С. Боришоти солона 300 — 600 мм.

chechen-ingush

Дарёҳои асосӣ: Терек ва Сунжа. Аввалин маълумот дар бораи чеченҳо ва Ингушҳо ба а. 7 мансуб aст. С. 1810 Ингушетия ва с. 1859 Чечения ба ҳайати Россия ҳамроҳ карда шуд. 20 янв. 1921 Чечену Ингушетия ба ҳайати РАСС Гори дохил гашт. 30 нояб. 1922 дар ҳайати РСФСР ВА Чечен, 7 июля 1924 ва Ингуш ташкил шуданд, 15 янв. 1934 онҳо ба ВА Ч. И. муттаҳид карда шуданд; аз 5 дек. 1936 —РАСС Ч. И. дар ҳайати РСФСР. Солҳои 1942—43 як қисми реопубликаро истилогарони фашистӣ забт карда буданд. Солҳои 1944—57 республика барҳам дода шуда буд.

Дар республика корхонаҳои истихроҷи нефт, коркарди нефт, саноати химияи нефт, мошинсозӣ (таҷҳизоти нефткашӣ, электротехника), масолеҳи бинокорӣ, хӯрокворӣ, чубгарӣ ва ғ. мавҷуданд. Ғалла, шолӣ, ҷуворимакка, ҷав, офтобпараст, лалабуи қанд, сабзавот кишт меунанд. Боғу токдорӣ қам ривоҷ ёфтаас. Гов ва гусфандҳои маҳинпашм мепарваранд. Бо орденҳои Ленин (1965), Революцияи Октябрь (1972) Байрақи Сурхи Меҳнат (1982), Дўстии Халқҳо (1972) мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …