Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / ЧЕБОКСАРЫ

ЧЕБОКСАРЫ

ЧЕБОКСАРЫ (ба чувашӣ Шупашкар), пойтахти РАСС Чуваш, (аз 1925). Дар соҳили рости д. Волга ҷойгир аст. Бандари дарёи, ст. р. о., узели роҳҳои автомобилгард. Аҳолиаш 378 ҳаз. наф. (1984). Дар Чебоксары корхонаҳои мошинсозӣ (заводҳои аппаратураҳои электрӣ, тракторҳои саноатӣ, асбобҳои электрченкунанда, кабел ва ғ.), саноати сабук (комбинати матоъҳои пахтагин), хӯрокворӣ, чӯбгарӣ ва истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ мавҷуданд. 3 донишкадаи олӣ аз ҷумла Университети Чуваш.), 5 театр, филармония дорад. Аз с. 1469 маълум аст. Солҳои 1920—25 маркази ВА Чуваш буд.

cheboksary

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …