Маълумоти охирин
Главная / Варзиш / ЧАВГОНБОЗӢ

ЧАВГОНБОЗӢ

chavgonbozi

ЧАВГОНБОЗӢ, навъи бозии спортиро гӯянд, ки аз қадимулайём байни мардуми машриқзамин ва диг. халқҳои олам маъмул буд. Бозии чавгон (Чавгони пиёда ё хоккейи болои алаф) ҳанӯз дар ҳазораи 2 то м. дар Миср, Эрон, Юнон, қитъаи Америка, Япония ва ғ. вуҷуд дошт. А. 19 дар Европа клубҳои хоккейи рўи алаф пайдо шуданд; с. 1875 ассоциацияи Чавгонбозии Лондон қоидаҳои бозиро тартиб дод. Аз с. 1908 (ба ҷуз солҳои 1912 ва 1924) мусобиқаҳои Чавгонбозӣ байни мардон ва аз с. 1980 байни занон ба программаи Бозиҳои олимпӣ дохил карда шуд. Чавгонбозӣ яке аз бозиҳои бостонии халқи тоҷик буда, таърихи ҳазорсола дорад. Дар сарчашмаҳои адабию таърихӣ, махсусан дар «Шоҳнома» роҷеъ ба он маълумоти зиёде дода мешавад. Чавгонбозӣ дар асрҳои 9—10 байни тоҷикон хеле маъмул буд. Бинобар зикри муаллифи «Таърихи Систон» дар регистони Бухоро мусобиқаи Чавгонбозӣ барпо гардидааст, ки дар он бештар аз 12 ҳаз. саворагон иштирок карда буданд. Дар байни тоҷикон ду хел Чавгонбозӣ.: савора ва пиёда маъмул буд. Дар Чавгонбозии савора ду даста бозингарон 4-нафарӣ (2 наф. ҳуҷумкунанда ва 2 наф. муҳофизатгар) мусобиқа мекунанд. Майдони бози 275X 150 б 230X130 м буда, бари дарвоза 4 м ва дарозиаш 152—156 см аст. Бозӣ ба 6 давраи 15 дақиқагӣ тақсим мешавад. Чавгонбозии савора асосан да р РСС Тоҷикистон (хусусан Помир), Озарбойҷон ва Гурҷистон мушоҳида мешавад. Чавгонбози пиёда бошад, дар тамоми мамлакатҳо бо номи «хоккейи болои алаф» машҳур аст. Аз с. 1972 командаи мардонаи Чавгонбозии пиёдаи Тоҷикистон дар мусобиқаҳо иштирок менамояд.            Я. Турсунов.

Инчунин кобед

futbol

ФУТБОЛ

ФУТБОЛ (англисӣ fоо1bаll, аз fооt— пой ва bаll — тӯб), як навъи спортро гӯянд, ки …