Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ЧАВЧАВАДЗЕ Илья Григорьевич

ЧАВЧАВАДЗЕ Илья Григорьевич

chavchavadze-i

ЧАВЧАВАДЗЕ Илья Григорьевич (8. 11. 1837, Кварели—12. 9. 1907), нависанда ва ходими ҷамъиятии гурҷӣ. Асосгузори реализми танқидӣ дар адабиёти гурҷӣ. Аз оилаи князь. С. 1857 ба Университети Петербург дохил шуд. С. 1861 ба ватан баргашта, ҷараёни адабиёти революционию демократии гурҷиро сарварӣ кард. Муҳаррири г. «Иверия» (1877—1902), раиси правленияи Ҷамъияти драматургони гурҷӣ (1879). Ҳангоми аз Тиблиси ба Сагурамо сафар карданаш аз тарафи ҷосусони ҳукумати подшоҳӣ кушта шуд. Дар достонҳои «Рӯъё» (1859), «Чанд манзара. ё қиссае аз ҳаёти роҳзан» (1860) беҳуқуқии халқи меҳнаткаш, низоъҳои синфӣ ва табақавӣ дар Гурҷистон инъикос ёфтаанд. Дар бисёр шеърҳои лирикиаш оҳанги иҷтимоӣ ба назар мерасад. Дар достони «Зоҳид» (1883) ғояи ба ҷамъият хизмат карданро тарғиб менамояд. Асарҳояш ба забонҳои халқҳои ҷаҳон тарҷума шудаанд. Ба хотири Чичивадзе дар Сагурамо (1951), деҳаи Кварели (1937) ва Тиблиси (1957) музейҳои ёдгорӣ кушода шудаанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …