Маълумоти охирин
Главная / Биология / ЧАТРГУЛҲО

ЧАТРГУЛҲО

ЧАТРГУЛҲО, соябонгулҳо (Umbelli ferae), оилаи гиёҳҳо, инчунин буттаву нимбуттаро гӯянд. Барги паршакл ё парра-парраи думчадор, гулҳои 5-барга, меваи 2-палла, баъзан 1-палла (кашниз — Coriandrum, зағоракнамо — Schrenkia) доранд.

chatrgulho

Чатргулҳо қариб 4 ҳаз. намуд (350 ҷинс)-и растаниҳоро дар бар мегиранд. Онҳо бештар дар минтақаҳои иқлимашон мӯътадил ва ноҳияҳои тропикии Нимкураи шимолӣ мерӯянд. Дар СССР 765 намуду 147 ҷинс аз чумла, дар Тоҷикистон қариб 170 намуд (64 ҷинс)-и Чатргулҳо месабзанд.  Бештар дар ҷангалзори гармсер (шибляк), арчазор ва нимсаваннаи баландалаф мерӯянд.

Бисёр Чатргулҳо растаниҳои хеле муҳимманд. Онҳо чун ғизоӣ, хушбўй, сабзавот истифода мешаванд. Баъзе Чатргулҳо барои чорво хўроки серғизоанд. Чатргулҳо манбаи моддаҳои фаъоли биологӣ (кумаринҳо, фурокумаринҳо, лактонҳои сесквитерпенӣ, сапонинҳо, флаваноидҳо, гликозидҳо, алкалоидҳо ва ғ.) мебошапд. Аз ин рў, бисёр Чатргулҳо (Ferula, Dorema ва ғ.) аз қадим чун растаниҳои доруӣ маъмуланд. Баъзе Чатргулҳо заҳрноканд (мас, тутакалӣ).

Ад.: Флора Таджикской ССР. т. 7, Л., 1982.        Г. К. Кинзикаева.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …